18:50 19 феврали 2018
Пахши мустақим
СБҲБ. Акс аз бойгонӣ

Интиқоди СҲБ аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Созмони байналмиллалии ҳуқуқи башар аз ҳукми додгоҳ алайҳи Шӯҳрат Қудратов шадидан интиқод карда ва онро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон унвон кард.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik, Маҳпора Киромова. HRW ё Созмони байналмиллалии ҳуқуқи башар (СБҲБ) ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро барои 9 соли зиндон ба Шӯҳрат Қудратовро зарбаи ҷиддӣ ба ҳимоятгарӣ дар кишвар унвон шудааст, омадааст дар сойти ин созмон.

СБҲБ иқрор дорад, ки муҳокимаҳои додгоҳӣ алайҳи ин вакили дифоъ ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳукми додгоҳ зарбаест ба озодии баён ва мустақилияти хадамоти вукалои мудофеъ дар Тоҷикистон аст.

"Додгоҳ дар Душанбе муъовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ Қудратовро дар қаллобӣ ва додани ришва муттаҳам донист. Мусаллам аст, ки вай ҳамеша парвандаҳои сиёсиро бар зимма гирифта аз ҳуқуқи афроди дар пулис таҳти шиканҷа қарор гирифта ва дар ифротгароии мазҳабӣ муттаҳамшударо ҳимоя мекард. Дар соли 2011 вай аз сӯйи Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи ҳуқуқи онҳо ҳимоятгари сол дониста шуда буд. Қудратов бояд аз зиндон озод шавад ва ҳукумат бояд мустақилияти вакилони дифоъ дар Тоҷикистонро таъмин кунад", — омадааст дар баёнияи ин созмон.

Ҳукми додгоҳ нисбати ин вакили дифоъ ҳушдори нигаронкунанда барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон аст, гуфтааст муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ Стив Свердлов. Ба ин тартиб мақомоти тоҷик талош доранд, ки яке аз фаъъолтарин ва мустақилтарин вакилони дифоъи кишвар хомӯш гардад, — изҳор доштааст вай.

Ин созмони ҳуқуқи башар ҳамчунин ёдовар мешавад, ки қабл аз маҳкумияташ ин вакили дифоъ аз ҳуқуқи тоҷир ва собиқ вазири саноъати Тоҷикистон Зайд Саидов ҳимоят кардааст, ки дар моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.

"Дар давоми муҳокимаи додгоҳӣ ва баъд аз он Қудратов ба СБҲБ хабар медод, ки мақомот ба вай ва аҳли хонаводааш, ба вакилони дигари Саидов таҳдид мекунанд. Вай аз боздошти ногузинаш нигарон буд", — таъкид мешавад дар баёнияи созмон.

СБҲБ муътақидаст, ки бо зиндонӣ кардани вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мақомот вукалои дигарро ҳушдор медиҳанд, ки аз парвандаҳои ангезаҳои сиёсӣ дошта худро канор бигиранд. Онҳо дарк намекунанд, ки маҳз ҳоло кишвар аз пештара дида бештар ба хадамоти вакилони мудофеъи қавӣ ва мустақил ниёз дорад, ки тавонанд бидуни монеъа ва тарси таъқиб фаъъолият дошта бошанд.

Мавзуъ

Шуҳрат Қудратов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд
Қудратов хост, тафтишоти судии парвандааш аз сари нав анҷом шавад
Зоиров гуфт, Қудратов поквиҷдон аст ва парвандаҳо сохтаю супоришиянд
Барчаспҳо:
баёния, СБҲБ, Шӯҳрат Қудратов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ