12:53 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз пайёми худро ироъа мекунад

© Sputnik / Лидия Исамова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Аҳзоби сиёсӣ, мақомот ва ҷомеъаи Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои бурунрафти кишвар аз бӯҳрони иқтисодиро интизоранд.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-уми январ аз соати 10 то 12 пайёми худро ба порлумони кишвар ироа мекунад, хабар додааст РИА Новости.

Дар ин ҷаласа аъзои ҳар ду маҷлиси порлумони Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, раисоони вилоятҳо ва навоҳии кишвар ширкат мекунанд.

Маъмулан раҳбари кишвар дар пайёми худ роҳҳои аслии сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро барои як сол мушшахас мекунад.

Маросими ироаи пайём тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ пахш шуда онро бояд куллияи кормандони давлатӣ тамошо кунанд. Аз соати 10 то 12 дар кишвар реҷаи барқ лағв мешавад, то сокинон тавонанд суханронии раиси ҷумҳурро мустақиман тамошо кунанд.

Баъд аз анҷоми ироаи пайём ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар баргузор мешавад, ки дар он натоиҷи соли 2014 ва дурнамои барои соли 2015 баррасӣ мешаванд.

Пайёми раиси ҷумҳур яке аз ҳаводиси муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.

Маъмулан ҷаласа дар моҳи апрел баргузор мешуд, вале бо дарназардошти ин нукта, ки оғози соли ҷадиди молӣ аз апрел ба январ гузаронида шуд, замони ироаи пайём низ тағйир ёфт.

Мавзуъ

Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон
Ҳайкали кӯчаки Эмомалӣ Раҳмон барои рӯи миз сохта мешавад
Раҳмон раисони 8 шаҳру ноҳияи кишварро иваз кард
Барчаспҳо:
ироъаи пайём, порлумон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ