18:28 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Президент: “ба интихобот ва оромии кишвар хиёнат накунед”

© Sputnik / Лидия Исамова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Президент гуфт, ҳастанд онҳое, ки он давраро фаромӯш кардаанд ва ба ҷои шукронаи ин ватани таърихӣ ва ин миллати солор кардан ба хотири чаҳор тангаи ҳароми хоҷагони хориҷии худ дар пайи ноором кардани кишваранд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз таърихнигорон хост, воқеияти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-ро ба ҷомеа пешкаш кунанд.

"Ҳастанд онҳое, ки он давраро фаромӯш кардаанд ва ба ҷои шукронаи ин ватани таърихӣ ва ин миллати солор кардан ба хотири чаҳор тангаи ҳароми хоҷагони хориҷии худ дар пайи ноором кардани кишваранд", — афзуд президент.

Дар идома вай гуфт, "бори дигар такрор мекунам, шукронаи ин миллати солор, шукронаи ин Ватан, тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллӣ кунед. Бинед, давлатҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ бақувват буданд, ба хуну хок оғӯшта шуданд, порча-порча шуданд. Мову шумо як бор аз сар гузарондем. Бо умеди хоҷаҳои хориҷиятон нашавед."

Президент Раҳмон аз институтҳои Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва факултаҳои ҷомеашиносӣ хост, ба таҳқиқи масъалаҳои худшинсову худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, тавсеаи дидгоҳи дунявӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.  

Барчаспҳо:
хоҷагони хориҷӣ, паём, нооромӣ, интихобот, президент, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ