08:39 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
501

Хабарнигори шабакаи телевизиюнии “Ал-Ҷазира”, шаҳрванди Австралия Питер Грист, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнуъи “Бародарони мусалмон” ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз сӯйи раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси афв шуд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз тасмими мақомоти Миср барои озодии намояндаи "Ал-Ҷазира" истиқбол карда ва даъват кард, ки мавориди дигари боздошти хабарнигорон баррасӣ шаванд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Дабири кулл аз тасмими мақомоти мисрӣ барои озодии хабарнигори боздоштшуда Питер Грист истиқбол мекунад", — иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони намояндаи расмии дабири кулли СММ Стефан Дюжаррика, ки дар нишасти хабарии рӯзи душанбе эълом шуд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки хабарнигорони дигар ҳамчунон дар зиндон қарор доранд. "Дабири кулл умедвор аст, ки ин маворид низ дар зудтарин фурсат баррасӣ хоҳанд шуд", — гуфт Дюжаррик.

Рӯзи якшанбеи гузашта раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси хабарнигори шабакаи телевизиюнии "Ал-Ҷазира", шаҳрванди Австралия Питер Гристро афв кард. Грист барои ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъи "Бародарони мусалмон" барои ҳафт сол ба зиндон маҳкум шуда буд.

Чанд моҳи қабл раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси изҳор дошта буд, ки имкони афви ҳамаи кормандони хориҷии ин шабакаро баррасӣ мекунад.

Додгоҳи ҷиноӣ дар Коҳира 23 июни соли гузашта ҳафт нафар кормандони шабакаи телевизионии қатарии "Ал-Ҷазира"-ро барои ҳафт сол равонаи зиндон карда буд. Боз 11 нафар кормандони ин расона ғоибона ба даҳ соли зиндон маҳкум шудаанд.

Додгоҳ хабарнигоронро, ки эътирозоти "Бародарони мусалмон" дар пайи барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи кишварро бозтоб медоданд, дар паҳни иттилоъи бардурӯғ ва бӯҳтон муттаҳам карда буд.

Бештаре аз маҳкумшудагон — шаҳрвандони Миср мебошанд. Питер Грист ва шаҳрванди мисртабори Канада Муҳаммад Фадел танҳо атбоъи хориҷии ин шабака буданд, ки мӯҳлатҳои воқеъӣ маҳкум шуданд. Ду нафари дигар — шаҳрвандони Голландия ва Бритониё ғоибона муҷозот шуданд.

Пан Ги Мун ба зарурати таъмини озодии баён таъкид мекунад. Вай мӯътақид аст, ки "гуногунандешӣ асоси суботи дарозмуддат, аз ҷумла таъмини ин нукта, ки куллияи садоҳои сулҳпарвар шунида мешаванд", — гуфт намояндаи СММ.

Ҳукми додгоҳ алайҳи хабарнигорони шабакаи телевизионии моҳвораӣ дар Миср интиқодоти шадид дар Ғарб ва Австралияро ба дунбол дошт.

Мавзуъ

Додситонии Миср ҳукми қатли Муҳаммад Мурсиро талаб дорад
Барчаспҳо:
афви хабарнигор, СММ, Пан Ги Мун, Питер Грист, Абдул Фаттоҳ ас-Сиси, Голландия, Миср, Австралия

Мавзӯъҳои асосӣ