00:39 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Э. Раҳмон бо кадрҳои нав суҳбат мекунад. 3 феврали соли 2015

Вазирону раисони нави ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуданд

Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Таъйини вазирони нав дар ду ниҳоди калидии кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисоду савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт аз ҷониби ҲХДТ ба ҳайси номзад ба парлумон пешниҳод шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Бо фармони раиси ҳукумат, Ҳикматулло Неъматзода вазири рушди иқтисоду савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шудаанд, хабар медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳури кишвар.

Сомона менависад, инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Хайрулло Амонулло иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб, Наим Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Умар Ёқубзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Рустамбой Ҷураев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончӣ, Ислом Шафиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.

Таъйини вазирони нав дар ду ниҳоди калидии кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт аз ҷониби ҲХДТ ба ҳайси номзад ба парлумон пешниҳод шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин Пӯлод Сафарзода сардори идора-сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумансур Саторов директори маҷмааи давлатии Кохи Борбади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ҳидоят намудааст. Дар назди вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва ба анҷом расондани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.

Президент ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои номбурда бештар доир ба ҷалби васеи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва пешгирӣ аз гароидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супориш додааст.

Барчаспҳо:
таъини кадрҳои нав, Ҳукумати Тоҷикистон, Ҳикматулло Неъматзода, Умар Ёқубзода, Хайрулло Амонулло, Шералӣ Мирзо, Шариф Раҳимзода, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ