06:58 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон ба Рӯҳонӣ ва мардуми Эрон Инқилоби Исломиро табрик гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эрониаш, аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои Тоҷикистон муносибат бо Эрон ҳамеша мавқеи муҳиму вижаро ишғол мекунад.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми кишвараш табрик гуфтааст, менависад сомонаи расмии президент.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эрониаш, аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои Тоҷикистон муносибат бо Эрон ҳамеша мавқеи муҳиму вижаро ишғол мекунад.

"Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳар ду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем", — афзудааст Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон хоҳони тақвияти сатҳи муносибатҳо миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф шуда ва умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистону Эрон бо талошҳои муштарак бо ҳадафҳои худ хоҳанд расид.

"Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем", — омадааст дар поёни ин паём.

Бино бар иттилои сафири тозатаъйини Теҳрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллои Фағонӣ, гардиши мол дар соли 2014 миёни ду кишвар 320 миллион долларо ташкил додааст. Фағонӣ мегӯяд, то чанд вақти дигар мактаби Рӯдакии Эрон дар Душанбе таъсис хоҳад шуд, ки донишомӯзони тоҷикро фаро хоҳад гирифт.

Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар моҳи феврали соли 1979 ба пирӯзӣ расид ва Оятуллоҳ Хоманаӣ баъд аз чанд муддат Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон аз соли 1991 оғоз шуд ва Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Эрон ҳамакнун яке аз ҷонибҳои сармоягузор дар тарҳҳои бузурги Тоҷикистон мебошад ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" аз ҷумлаи тарҳои бузурге мебошанд, ки бо сармояи ин кишвар бунёд шудаанд.

Барчаспҳо:
36 сол, табрикот, барқия, ҳамкорӣ, инқилоб, Солгарди Инқилоби Исломӣ, Ҳасани Руҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ