06:36 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Яман. Акс аз бойгонӣ

ИМА ва Бритониё фаъолияти сафорати худ дар Яманро муттавақиф карданд

© Sputnik / Валерий Шустов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ташаннуҷи авзоъ дар пойтахти Яман, шаҳри Сано сабаби таъвиқи фаъолияти сафоратхонаҳои ИМА ва Бритониё дар ин кишвар шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико аз шаҳрвандон хост, ки аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Мақомоти ИМА имрӯз ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Яман баъд аз забти пойтахти кишвар аз сӯйи як гурӯҳи шиъатабори тундрав фаъолияти сафоратхонаи худ дар ин кишварро муттавақиф сохт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вазорати хориҷӣ.

"Ба далели ташаннуҷи увзоъ дар пойтахти кишвар Сано вазорати хориҷии ИМА аз 11 феврали соли 2015 фаъолияти сафоратхонаи худ дар Яманро муттавақиф месозад. Куллияи кормандони сафоратхона аз кишвар мунтақил мешаванд", — омадааст дар баёнияи вазорати умури хорҷии кишвар, ки шоми рӯзи сешанбе пахш шуд.

Дар баёния зикр мешавад, ки "ироъаи куллияи хадамоти консулӣ, ҳам фавриву ҳам оддӣ то замони судури дастури дигар муттавақиф карда шудааст".

Вазорати хориҷӣ аз шаҳрвандони амрикоӣ хостааст, ки аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд ва он идда аз атбоъе, ки дар он ҷо қарор доранд, кишварро тарк кунанд.

Дар пайи ИМА фаъолияти сафоратхонаи худ дар пойтахти Яманро Бритониё низ муттавақиф сохтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мутаъассифем, вале феълан кормандони сафоратхона ва таъсисот дар манотиқи ноамн қарор доранд. Ба ин далел мо тасмим гирифтем куллияи кормандонро берун оварда муввақатан фаъолияти сафоратхонаи Бритониё дар Саноро муттавақиф созем", — навиштааст хабаргузорӣ бо истинод ба намояндаи вазорати хориҷаи Бритониё Тобиас Элвуд.

Иқдомоти эътирозӣ дар Яман дар нимаи моҳи августи соли 2014 оғоз шуданд. Баъд аз як моҳ ин эътирозот ба бархурдҳо бо нерӯҳои амниятӣ шакл гирифтанд. Дар моҳи январи соли 2015 баъд аз забти шаҳри Сано аз сӯйи шиъатаборон раиси ҷумҳур Абд Раббо Мансур Ҳадӣ бо мухолифон барои шомил шудани онҳо ба мақомот тавофуқ кард ва 22 январи соли 2015 ба порлумон дархости истеъфои худро ироъа кард. Он замон эълом шуд, ки ҳукумати Яман ба сарварии Халид Маҳфуз Бахах низ тасмим гирифтааст истеъфо равад. Вале 25 январ раҳбари давлат тасмимашро тағйир дода истеъфо рафтанӣ нашуд.

Барчаспҳо:
таъвиқи кори сафоратхонаҳо, вазорати хориҷаи ИМА ва Бритониё, Тобиас Элвуд, Бритониё, Яман, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ