11:23 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

ҲНИТ боздошти Маҳмудовро амали аз қабл тарҳрезишуда номид

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
401

Шӯрои сиёсии ин ҳизб мегӯяд, боздошти Маҳмудов қабл аз интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" аст.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт ва таъсиси парванда алайҳи Ҷалолиддин Маҳмудовро "як амали аз қабл тарҳрезишуда" унвон кард, омадааст дар сомонаи расмии ин ҳизб.

Шӯрои сиёсии ин ҳизб мегӯяд, боздошти Маҳмудов қабл аз интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" аст.

"Роҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, ки масъаларо ба таври ошкор бо роҳбарияти КМИР, ки Ҷалолиддин Маҳмудов узви ин ниҳод ҳам ҳаст, дар миён бигузорад. Рӯзи 10- уми феврал дар мулоқоти раиси ҲНИТ бо раиси КМИР, ки Маҳмудов низ иштирок дошт, ин масъала баррасӣ ва хоҳиш шуд, ки ба ин қазия бояд баҳои дуруст ва холисонаи ҳуқуқиву сиёсӣ дод", — омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзат аз раиси КМИР хоҳиш кардааст, ки қазияро дар машварат бо роҳбарияти кишвар бо масъулини ниҳодҳои марбута матраҳ намояд.

"Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳалаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад", — омодааст дар изҳорот.

Дар интиҳои изҳороти худ ҲНИТ аз мақомот тақозо намудааст, ки масъаларо мунсифона баррасӣ карда, "ҳарчи зудтар Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд". Ҳамчунин умед бастаанд, ки президент қазияи мазкурро зери назорат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки хабари боздошт ва гумонбарии Ҷалолиддини Маҳмуд ба нигаҳдории силоҳ субҳи 11 феврал расонаӣ шуд. Ба дунболи ин хабар, Шабакаи аввал гузоришеро интишор карда, гуфт, Маҳмудов силоҳҳоро барои "рӯзи мабодо" нигаҳ медоштааст.

Мавзуъ

Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад
Барчаспҳо:
мусоидат, сиёсӣ, изҳорот, маҳкум, боздошт, интихобот, ҲНИТ, КМИРТ, Ҷалолиддини Маҳмуд, Муҳиддин Кабирӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ