02:11 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Бобоев дар як суҳбат ба сомона гуфтааст, “дини ислом набояд сиёсӣ шавад” ва барои ҳалли мушкилу пешниҳодоти мусалмонон низ вуҷуди ҳизби сиёсии характери динӣ дошта зарурат надорад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) мегӯяд, низоми давлати исломӣ офаридаи идеологҳои Ғарб ба хотири трансформатсия ё таҷзияи дини Ислом аст, менависад TojNews.

Бобоев дар як суҳбат ба сомона гуфтааст, "дини ислом набояд сиёсӣ шавад" ва барои ҳалли мушкилу пешниҳодоти мусалмонон низ вуҷуди ҳизби сиёсии характери динӣ дошта зарурат надорад.

"Ислом дини Худо аст ва Худо худаш муҳофизати онро бар ӯҳда гирифтааст, на инсонҳову ҳизбҳо", — афзудааст раиси ҲИИТ.

Бобоев мегӯяд, тибқи гуфтаи идеологҳои ғарбие, ки модели мазкурро офаридаанд, "давлати исломӣ ин давлате аст, ки мардумаш, яъне мусалмононро ба биҳишт мебарад".

"Аммо суол ин аст, ки "Худои таъоло дӯзахро ҳам офаридааст, аммо чӣ тавр як ҳукумат тавонад ҳамаро ба биҳишт барад?", — суол гузоштааст Бобоев.

Ин раиси ҳизб, дар тақвияти андешаи худ афзудааст, аз лиҳози илми муосир давлат як ниҳоди ҳуқуқӣ, таркибӣ ва ҳудудӣ аст ва яке аз функсияҳояш ин маҷбур кардани иҷроиши қонунҳоест, ки худ эҷод мекунад ва ба ин хотир, шаҳрвандонро маҷбур мекунад, ки қонунҳоро риоя кунанд.

"Аммо дар ислом ё дар дин маҷбурият нест. Худо инсонро озод офаридааст ва динро ҳам озод гузоштааст, хоҳӣ қабул кун, нахоҳӣ, на. Қабул кунӣ, биҳишт туро интизор аст, агар накардӣ, ҷоят дӯзах хоҳад буд. Марҳамат ихтиёр дар дасти худат", — мегӯяд Бобоев.

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, яке аз ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар фазои сиёсии кишвар муассир нест, аммо дар парлумон баробари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2 курсиро ишғол кардааст, менависад оҷонсӣ.

Барчаспҳо:
идеяи Ғарб, давлати исломӣ, ислом, сиёсат, ҲИИТ, Олим Бобоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ