22:19 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон

ВКХ ҶҚ: ба боз кардани консулгарӣ дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд

Официальная страница МИД КР в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон Аскар Бешимов зимни суханронӣ дар парлумони Қирғизистон хабар додааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба боз кардани консулгарии ин кишвар дар Хуҷанд иҷоза намедиҳад.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. "Тоҷикистон барои боз кардани консулгарии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд иҷоза намедиҳад", — иқтибос овардааст "Озодагон" аз суханони муовини вазири хориҷаи он кишвар Аскар Бешимов.

Бо чунин иддаъо рӯзи чаҳоршанбе муовини вазири хориҷа дар парлумон суханронӣ кард. Вай зикр кард, ки Қирғизистон чанд маротиба дар ин замина ба Душанбе номаҳои расмӣ ирсол кардааст.

"Посухи расмӣ то ҳол наомадааст. Вале дар сӯҳбатҳои шифоҳӣ онҳо барои боз кардани консулгарии Қирғизистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд иҷоза намедиҳанд", — гуфт Бешимов.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Душанбе мавқеъи нодурусти маҳалли ин намояндагии дипломатӣ дар Хуҷандро далел пеш меоранд.

Мавзуъ

Дар Душанбе барои шаҳрвандони Қирғизистон паспортҳои биометрӣ медиҳанд
Миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду пул бунёд мешавад
Қирғизистон расман шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд
Барчаспҳо:
иҷоза намедиҳанд, консулгарӣ, суханронӣ дар порлумон, вазорати хориҷаи Қирғизистон, Аскар Бешимов, Хуҷанд, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ