03:31 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк. Акс аз бойгонӣ

Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Нахуствазири Украина мегӯяд, мамлакаташ монеъи “даҳҳо ҳазор террористу низомии рус” гардида , бо қудрати дорои силоҳи ҳастаӣ ҷанг мекунад. Аз ин рӯ, ба қавли сиёсатшинос, Украина исбот мекунад, ки “давлати сазовори аврупоӣ” мебошад.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк аснои баромадаш чанд рӯз пеш дар ҷаласаи ҳукумат иброз дошт, ки Украина бо "кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, яъне Федератсияи Русия" дар ҳоли ҷанг қарор дорад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Сензор.НЕТ".

"Ҳашт моҳ қабл аз ин, ҳеч кас, ҳатто аз шарикони ғарбии мо бовар намекард, ки артиши парокандашудаи Украина аз сӯйи режими  Янукович ва бо ҷонибдории бевоситаи Русия, имкони муқобала бо ҳазорон террористу низомии ФР-ро дошта бошад",- иброз дошт Ятсенюк.

Маҳз, ҳамин омил, яъне муқовимати артиши мо нишон дод, ки Украина "давлати сазовори арзишҳои аврупоист", мӯътақид аст сиёсатмадор.

Яке аз пешниҳодҳои пурсарусадои мансабдори баландпояи украинӣ насби таҷҳизоти худкори тарканда дар марзи муштарак бо Русия маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон, аснои мусоҳиба бо нашрияи олмонии Deutsche Wirtschafts Nachricten дар мавриди шарҳи авзоъи Украина сиёсатшиноси бритониёӣ Саква иброз дошт, ки Ятсенюк "одами хатарнок барои Аврупо" аст.

"Ман намефаҳмам, чӣ тавр бо ин миллатгарои ашаддӣ эҳтиром қоил бошем",- гуфт вай дар мусоҳибааш бо Deutsche Wirtschafts Nachricten.

Саква афзудааст, Донбасс аз ин ба баъд наметавонад "ҷузъе аз давлати миллигаро ва марказии Украина" бошад. Маҳз бо ин омил таъсиси федератсия дар он қаламрав зарур аст.

Мавзуъ

Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Барчаспҳо:
иброз дошт, нахуствазири он кишвар, изҳороти сарвазир, ҷанг дар Украина, ҳукумати Украина, нашрияи олмонии Deutsche Wirtschafts Nachricten, Саква, Арсений Ятсенюк, Русия, Киев, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ