09:55 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ ва Абдулфаттоҳи Ғоиб якдигарро иваз карданд

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Дар пайи судури як қатор фармону қарорҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонсии фасод, раиси Кумитаи телевизион ва радио аз мақомҳояшон барканор шуданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин дам раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, рӯзи 16 март ба курсии раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишаст, менависад сомонаи расмии президент.

Бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон, Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси, инак, собиқи Оҷонсии зиддифасод раҳбари нави Хадамоти гумрук таъин шудааст.

Дар пайи тағйироти дигар дар ҳукумати кишвар, рӯзи душанбеи 16 март Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, низ аз мақомаш барканор ва ёрдамчии раисиҷумҳур дар сиёсати кадрҳо шудааст. Ба ҷои ӯ Маҳмадсаид Пиров таъин гардидааст, ки то кунун ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон кор мекард ва дар гузашта раҳбари телевизиони "Сафина" ва ширкати "Тоҷиккино" буд.

Ҳоло ба ҷои Пиров Ибодулло Машрабов таъин шудааст, ки то кунун раҳбарии театри ба номи Лоҳутиро бар уҳда дошт ва дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Барчаспҳо:
кадр, тайғирот, қарор, барканорӣ, фармон, кумитаи тв ва радио, хадамоти гумрук, вазорати фарҳанг, оҷонсии коррупсия, Маҳмадсаид Пиров, Абдулфаттоҳ Ғоиб, Рустами Эмомалӣ, Асадулло Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ