05:14 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини парлумони нав аз вакилон хост, ба мардум наздик бошанд, поквиҷдон бошанд ва ҳангоми қабули қонунҳо баҳс кунанд, на ин ки "шахшуда" бимонанд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 17 март аз вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон хост, бо дилу нияти нек ба кор сар карда, поквиҷдон бошанд ва парлумонро ба ҷои "шахшудаҳо" табдил надиҳанд, менависад сомонаи расмии президент.

Ӯ, ки дар ҷаласаи нахустини парлумони нави кишвар, даъвати панҷум, сухан мегуфт, таъкид дошт, "парлумон ҷои баҳс аст. Ё вакилӣ кунед, ё ба тиҷорат равед."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома интихоботи 1 мартро низ шаффофу озод ва демократӣ тавсиф кард ва гуфт, "ин интихобот сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии моро нишон медиҳад, ки сол то сол боло меравад."

"Вакилон ҳангоми қабули қонунҳо бояд ба сифати онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд ва қонунҳоро аз лиҳози ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеа асоснок намоянд. Бо ин мақсад фаъолияти ҳокимияти қонунгузор бояд танҳо ба қабули қонунҳое равона карда шавад, ки онҳо суботи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро таъмин намоянд", — илова кардааст президент.

Ӯ аз шомил шудани занону ҷавонҳо ба парлумони нав истиқбол кард ва гуфт, дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон 2 академик, 8 доктори илм ва 17 номзади илм будаанд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 март доир шуд, ки ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо роҳбарии президент дар ин парлумон 51 курсӣ аз 63 курсиро ба даст овард.  

Барчаспҳо:
вакилон, даъват, мардум, интихобот, даъвати панҷум, нахустин ҷаласа, Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ