15:21 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Иқдоми Нест бод таҳримот!

DW: нигаронии Ғарб аз таҳримот алайҳи Русия

© Sputnik Владимир Астапкович
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Коршиносони олмонӣ, лаҳистонӣ ва русии Deutshe Welle ба натоиҷи яксон омаданд, ки натоиҷи таҳримот алайҳи Русия интизориҳои мубтакирони онро бароварда насохтааст.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Таҳримоте, ки соле қабл ИМА ва аъзои ИА вобаста ба даргирӣ дар Украина алайҳи Русия роҳандозӣ карданд, интизориҳо аз он — на сиёсӣ, на иқтисодиро дар пай надоштаанд, изҳор доштанд коршиносони пурсидашудаи Deutsche Welle аз кишварҳои мухталиф, менависад РИА Новости.

Сиёсатшиноси олмонӣ ва корманди илмии Донишкадаи ҳамгироии атлантики шимолӣ дар Киев Андреас Умланд бар ин назар аст, ки далели ин амр дар комил набудан ва нокофии таҳримот мебошад. Ба эътиқоди вай, дар марҳилаи аввал, ки ИА, ИМА ва Канада ҳамзамон вуруди теъдоде аз атбоъи Русия ва Украинаро мамнуъ ва ҳисобҳои бонкии онҳоро лағв карданд, таҳримот натоиҷи баръакс дод.

"Ба далели нокофӣ будани таҳримот Ғарб натавонист ба ҳеҷ ҳадафе ноил шавад ва ҳатто баръакс Русия ҳушдор гирифт, ки вокуниш ба ғасби вай чандон сангин нахоҳад буд. Ба ин тартиб таҳримот то ҷое ба ташдиди сиёсати хориҷии Москав мунҷар шуд", — ҳадс зад Умланд.

Натоиҷи марҳилаи дуввуми таҳримот, ки ба ҷуз аз таҳримоти инфиродӣ боз маҳдудиятҳои иқтисодӣ низ роҳандозӣ шуданд, ба эътиқоди сиёсатшиноси олмонӣ омехта буд. Русия сиёсати худро тағйир надод, вале Умланд бар ин назар аст, ки "нишонаҳое пайдо шуданд, ки гурӯҳе аз нухбагони Русия бо чунин вазъ созгор нестанд ва талош доранд, ки ин таҳримот лағв шаванд".

Мудири барномаи Лаҳистону Канада барои пуштибонӣ аз демократия дар Украина Адам Зауэр аз Варшава муътақид аст, ки натоиҷи таҳримот бозгӯйи интизориҳои Ғарб нест. Таҳримот ба унвони роҳи ҳалли сиёсӣ худро таъйид накарданд — гузашта аз ин, баъд аз роҳандозии онҳо даргирии низомӣ дар Донбасс оғоз шуд.

"Натоиҷи иқтисодии онҳо низ машкуковар ҳастанд, ба ҳар сурат онҳо далели коҳиши иқтисоди Русия намебошанд", — гуфт Зауэр.
Устоди бахши манотиқи хориҷӣ ва сиёсати хориҷии РГГУ Сергей Маркедонов бар ин назар аст, ки Ғарб дар ин маврид ба аҳдофи аслии худ нарасидааст.

"Агар ҳадаф аз роҳандозии таҳримот водорсозии Русия аз аҳдофи хориҷии худ бошад, пас таҳримот натоиҷе дар пай надошт. Ба эътирозоти густурдаи иҷтимоии дохилӣ низ ин амр мунҷар нашуд. Интизорӣ аз он, ки дар ҷомеъа мизони норозиият аз пайвастшавии Қрим ва аз мақомот меафзояд, иҷро нашуд. Баръакс, феълан таҳримот на ба коҳиши мизони маҳбубият, балки баръакс ба тақвияти мақомот ва ташдиди назароти алайҳи ғарбӣ мунҷар шуданд", — муътақид аст сиёсатшиноси рус.

Мавзуъ

Раҳбари комиссияи аврупоӣ: ҳоло вақти таҳримот алайҳи Русия нест
ИА таҳримот алайҳи Русия ва ҷудоихоҳон дар Донбассро тамдид кард
Барчаспҳо:
бенатиҷа, изҳори назари коршиносон, таҳримоти Ғарб алайҳи Русия, Deutsche Welle, Сергей Маркедонов, Адам Зауэр, Андреас Умланд, ИА, Украина, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ