09:19 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Муродалӣ Алимардон. Акс аз бойгонӣ

Муродалӣ Алимардон барканор шуд

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз ин вазифа сабукдӯш шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми апрел бо фармонаш Муродалӣ Алимардонро аз симмати муовини сарвазири кишвар барканор кард, менависад сомонаи расмии президент.

Муродалӣ Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд, омадааст дар матни фармон. Аммо феълан маълум нест, ки Алимардон чӣ вазифа мегирад. Ӯ ба ин симмат моҳи ноябри соли 2013 таъин шуда буд.

Қабл аз ин вазифа, Алимардонов раисии Бонки миллии Тоҷикистонро солҳои тӯлоние бар душ дошт.

Муродалӣ Алимардон, соли 1983 шӯъбаи молиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар филиали "Агробонк"-и Чептура кор кардааст. Соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шӯъбаи "Агробонк"-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст. Аз охири соли 1993 чун президенти Бонки саноати аграрии "Шарқ" адои вазифа кардааст.

Аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Дар солҳои роҳбарии вай дар Бонки миллӣ моҷарои гум шудани 47 миллион доллари амрикоӣ сар зад. Баъдтар, хабарҳои зидду нақизе нашр шуд, ки гӯиё Алимардонов ин маблағро барои рушди хоҷагии деҳқонӣ ба атрофиёнаш тақсим кардааст.

Барчаспҳо:
47 миллион доллар, фаъолият, фармон, кори дигар, муовини сарвазир, барканор, Бонки миллии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ