11:18 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Лавров ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст (5)
7 0 0

Вазирон ҳамчунин дар масоили асосии байналхалқӣ табодули андеша хоҳанд кард ва таъсири таҳдидҳои террористии Ховари Миёна ва Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи панҷшанбеи 2 апрел бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов ба Душанбе меояд, менависад РИА Новости.

Дар музокироти рӯзҳои оянда, сарони вазоратхонаҳо ба масоили рушди ҳамкориҳои баъдина дар бахши сиёсат, савдову иқтисод, ҳарбӣ, илмӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

Вазирон ҳамчунин дар масоили асосии байналхалқӣ табодули андеша хоҳанд кард ва таъсири таҳдидҳои террористии Ховари Миёна ва Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карда, роҳҳои мудофиа ва рафъи ин хатаротро, аз ҷумла бо тақвият бахшидани неруи дифоии Тоҷикистон, хоҳанд андешид.

Дар он рӯз, тавре оҷонсӣ менависад, ҳамчунин дар Душанбе чаҳорумин нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи давлатҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор хоҳад шуд.

"Дар дастури кор масоили марбут ба мушкилоти сиёсати байналмилалӣ ва роҳҳои пешгирии таҳдидҳои вобаста ба онҳо, ҳамчунин тақвияти сиёсати самти хориҷӣ пешбинӣ шудааст",- нақли қавл кардааст оҷонсӣ аз Вазорати хориҷаи Русия.

Зимни ин дидор, таваҷҷуҳи хос ба амнияти Осиёи Марказӣ бо дар назардошти тамоюли рушди вазъияти Афғонистон, бахшида мешавад.

Аз номи раисикунандаи СПАД, ки Тоҷикистон аст, ҳамчунин раиси феълии САҲА, вазири хориҷии Сербистон Ивитса Дачич ва роҳбарони зерсохторҳои марбутаи СММ ва САҲА, ки мавзуи пешгирии бархурдҳо ва дипломатияи сабр дар зери назари онҳост, даъват шудаанд.

Мавзуҳо:
Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст (5)
Барчаспҳо:
таҳдидҳо, мушкилот, сиёсати байналмилалӣ, вазирони хориҷӣ, дидор, 3 апрел, гуфтугӯ, амният, ҷаласа, СММ, СПАД, САҲА, Ивитса Дачич, Сергей Лавров, Сироҷиддин Аслов, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ