12:40 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Фан Сянжун. Акс аз бойгонӣ

Сафири Чин: афзоиши теъдоди чиниҳо дар ҶТ ба фоидаи кишвар аст

Официальная страница МИД РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Ба гуфти сафири ҶМЧ дар Тоҷикистон, аксари шаҳрвандони Чин сармоягузорони воқеъӣ ва тавонманданд, ки ба иқтисоду иҷтимоъи Тоҷикистон фоида меоранд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Чӣ қадар чиниҳо бисёр шаванд, ҳамон қадар лоиҳаҳо бештар мешаванд, Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои нави кор ва коргарон мегардад, изҳор дошт сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун аснои мусоҳиба бо оҷонсии Авеста.

"Дар нисбати чиниҳо дар Тоҷикистон, ки теъдодашон дар як сол аз 6 то 7 ҳазорро ташкил медиҳад, намедонам кам аст ё зиёд. Агар ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои онҳо назар андозем, бояд шумораи чиниҳо бештар бошад",- гуфт дипломати хитойӣ.

Ӯ афзуд, аксари шаҳрвандони Чин сармоягузорони воқеъӣ ва тавонманданд, ки ба иқтисодиёту иҷтимоъи Тоҷикистон фоида меоранд.

"Чӣ қадар чиниҳо зиёдтар бошанд, тарҳҳои иқтисодӣ бештар мешаванд, лоиҳаҳои хуб зиёд мешаванд, Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ва аз ин рӯ, қабл аз он ки бигӯем "бисёр", теъдоди онҳоро ба назар надошта бошем, фикр кунем, ки онҳо чӣ манфиате ба кишвар меоранд. Ин зарар аст, хатар ва ё манфиат?",- гуфт сафир.

Ба қавли дипломат, одамони обрӯманд ба ӯ гуфтаанд, ки аксари чиниҳо дар Тоҷикистон қонуну қавонинро риоя мекунанд, бо тоҷикон дӯстона ба сар мебаранд.

"Мо ҳамеша ба истиқболи дӯстон аз тамоми олам омодаем. Чӣ қадар онҳо бештар бошанд, ҳамон андоза хуб аст",- афзуд Фан Сянжун.

Ба андешаи дипломат, Чин наметавонад барои Тоҷикистон хатари иқтисодӣ дошта бошад, онро метавон содда ва саҳл ҳамкории иқтисодӣ номид.

Сафири Чин дар Тоҷикистон аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм ва пирӯзӣ дар ҷанг  алайҳи ҷопониҳо даъват шудааст.

Мавзуъ

Кӯмаки Чин ба мақомоти милисаи Тоҷикистон
Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст
Чин мехоҳад “Тоҷиказот”-ро гардон кунад
Чин барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон $500 миллион иттихоз мекунад
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст
Тоҷикистону Чин аснои амалиёт беш аз 180 кг нашъа мусодира карданд

Мавзӯъҳои асосӣ