04:32 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Виктор Янукович. Акс аз бойгонӣ

Дар Украина алайҳи Янукович парвандаи ҷиноӣ боз шуд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Дар Украина алайҳи Янукович аллакай чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Киев талош дорад, ки истирдоди собиқ президентро ба ватанро ба даст биоварад.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Идораи амнияти Украина нисбати раиси ҷумҳури кишвар Виктор Янукович парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар дод муовини раиси гурӯҳи корӣ дар назди вазорати адлияи Украина дар умури бознигарии қонун Карл Волох, менависад РИА Новости.

Вай дар сафҳаи худ дар Facebook зикр кардааст, ки ин амр "яке аз парвандаҳои ҷиноии тақдирсоз барои Украина аст".

Волох навиштааст, ки баъд аз анҷоми ҷаласа дар ҳузури раиси Идораи амнияти Украина ӯ ҳамроҳи раҳбари раёсати таҳқиқотӣ ба назади додситони кулл рафтаанд. "Ва пуштибонии комил ва иҷозаро дарёфт кардем".

"Гузашта аз ин, бо дарназардошти аҳамияти ҷамъиятии ин мавзӯъ, ба ман пешниҳод шуд, ки "назорати ҷамъиятии" таҳқиқи ин парвандаро мушоҳида кунам ва бо дарназардошти муқаррароти қавонин раванди онро бозтоб бидиҳам", — навиштааст Волох.

Нисбати Янукович дар Украина аллакай чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар моҳи январи соли 2015 ӯро тавассути Интерпол мавриди пайгарди қонунии байналмиллалӣ қарор доданд ва Янукович дар сирқат ва азхудкунии маболиғ ва дороиҳо аз роҳи нақзи қавонин дар ҳаҷми бузург ва ё аз тарафи гурӯҳи мутташакил муттаҳам шудааст.

Януковия ғоибан аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Печераи шаҳри Киев ҳабс шудааст. 4 феврал Радаи олии Украина қонунеро тасвиб кард, ки тибқи он Янукович аз мақоми раиси ҷумҳури Украина маҳрум шуд.

Украина қасд дорад Януковичро ба ватан истирдод кунанд.

Мавзуъ

Радаи Украина Януковичро аз унвони президентӣ маҳрум сохт
Барчаспҳо:
собиқ президентро ба додгоҳ мекашанд, боз шудани парвандаи алайҳи Янукович, Идораи амнияти Украина, Карл Волох, Виктор Янукович, Киев, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ