00:44 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Раҳбарони Тоҷикистон ва Туркманистон дар Куриёи Ҷанубӣ дидор карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳошияи Ҳамоиши 7 байналмиллалии об, ки дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Куриё баргузор мешавад, дидор карданд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Масоили зиёди ҳамкориҳоро рӯзи якшанбеи гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркманиаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов матраҳ карданд, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

Зикр мешавад, ки ин ин дидор дар ҳошияи Ҳамоиши 7-уми байналмиллалии об дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Куриё баргузор шудааст.

Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар 7-умин Форуми ҷаҳонии об
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Тавваҷӯҳи хос ба тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, энержӣ ва фарҳангӣ баён шуд", — омадааст дар хабари маркази матбӯъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ин робита раҳбарон Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба зарурати тавсеъаи ҳалли масоили сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ҳалли сареъи куллияи тавофуқоти имзошудаи миёни ду кишвар таъкид карданд.

Раҳбарони кишварҳо ҳамчунин ба масоили таҷдиди ҳамгироӣ барои таъмини субботу сулҳи минтақавӣ ва ҷилавгирӣ аз хатароти муъосири ҷаҳонӣ тавваҷӯҳ карданд.

Мавзуъ

Даъвати сафири Туркманистон аз ҷавонони тоҷик
Дар Туркманистон баргузории гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳоро иҷоза медиҳанд
Президенти ҶТ пешниҳод кард, ки як даҳсолаи дигари об эълон шавад
Барчаспҳо:
мулоқоти роҳбарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон, дидор, раёсати ҷумҳурӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Эмомалӣ Раҳмон, Куриёи Ҷанубӣ, Туркманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ