20:42 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҷавонтарин узви ҲХДТ роҳбари фраксияи парлумонӣ шуд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Бахтовар Сафаров, ҷавонтарин вакили парлумон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон роҳбарии фраксияи ин ҳизбро бар дӯш гирифт.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бахтовар Сафаров, вакили ҷавон аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон роҳбари фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии парлумон.

Ин фраксияро рӯзи 13 апрел дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон расман тасдиқ кардаанд.

Баъд аз ҲХДТ, бо панҷ намояндааш дар парлумон ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ имкони ташкили фраксияро дорад. Ҳизбҳои дигар, ба мисли ҳизби демократ ва сотсиалисту ислоҳоти иқтисодӣ бо доштани шумори ками курсӣ имкони таъсиси фраксияро надоранд.

Дар интихоботи парлумоние, ки 1 марти соли ҷорӣ барпо шуд, ҲХДТ шумори бештарини курсиҳоро ба даст овард. Ду ҳизби умдаи мухолифин — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби комунисти Тоҷикистон, ки дар парлумони гузашта 2 нафар намоянда доштанд, ин бор маҳрум шуданд.

Мавзуъ

ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд
ВАО: дар интихоботи Тоҷикистон ҲХДТ баранда аст
Зуҳуров: ҲХДТ ягона неруи созанда аст
Барчаспҳо:
2 фраксия, парлумон, ҷаласа, Фраксияи ҲХДТ, ҲАТ, ҲХДТ, Бахтовар Сафаров, Бохтар

Мавзӯъҳои асосӣ