06:40 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Посгоҳи марзӣ бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад

© Sputnik / Семиряга
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Тӯли марзи муштараки ду кишвар, ки ҳудуди 980 километр мебошад то ҳол комилан аломатгузорӣ нашудааст ва бархе аз манотиқи мавриди баҳс вуҷуд дорад. Дар қаламрави Қирғизистон “ҷазирақаламрави” Ворухи тоҷикистонӣ ҷойгир аст.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сохтмони пулҳо ва ҷоддаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон анҷом меёбад, хабар дод муъовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев рӯзи сешанбе, менависад "Вечерний Бишкек".

Дар ин бора муъовини нахуствазири дар умури ниҳодҳои қудратӣ дар чорчӯби муъаррифии тарҳи "Ҳамкориҳои наздимарзӣ барои субботу рушди бонизом" хабар дод.

"Дар нимаи дуввуми соли гузашта баъд аз мудохилаи руасои ҷумҳури ду кишвар вазъи аломатгузорӣ ва мушшахасозии хатти марз беҳбуд меёбад. Сохтмони пулҳо ва ҷоддаҳо дар ҳоли анҷомёбият", — гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, баъд аз баргузории дидори мақомоти баландпоя дар мавриди ҳалли масоили марзӣ ва ҳамчунин баргузории тадобири фарҳангӣ барои тақвияти равобити сокинони манотиқи ҳаммарз, вазъ дар марз беҳбуд ёфт.

Тӯли умумии марзи ду кишвар ҳудуди 980 километр аст, ки бархе аз манотиқи он то ҳол аломатгузорӣ нашудааст ва мавриди баҳс дониста мешаванд. Дар қаламрави Қирғизистон "ҷазирақаламрави" Ворухи тоҷикистонӣ ҷойгир аст.

Сохтмони пули Кулунду-Максат ва ҷоддаи Кок-Таш — Ак-Сай — Тамдык — Кишемиш ба ибтикори Қирғизистон соли гузашта ба манзури гузар аз ҷамоъати Тоҷикистон оғоз шуда буд, ки боъиси норизоиятии сокинони манотиқи ҳаммарз шуда буд.

Мавзуъ

Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд
НАТО аз Қирғизистон хост, Созишномаи транзити колоро тамдид кунад
Миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду пул бунёд мешавад
Барчаспҳо:
анҷоми сохтмони ҷодда ва пулҳои наздимарзӣ, ҳукумат, Абдураҳмон Маматалиев, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ