23:56 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Шермуҳаммади Шоҳиён. Акс аз бойгонӣ

Шермуҳамади Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Нусратулло Абдуллозода бо расидан ба синни нафақа аз вазифа бозхонд шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки то ин замон раисии Комисияи марказии интихобот ва райъпурсиро бар дӯш дошт, ба раисии Додгоҳи олӣ пешбарӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, ҳамакнун раиси собиқи КМИР аз сӯи президент ба вазифаи раисии Додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳод гардид, хабар медиҳад сомонаи президент.

Нусратулло Абдуллозода, ки то кунун раисии Додгоҳи олиро ба дӯш дошт, бо сабаби расидан ба синни нафақа аз мақомаш бозхонд шудааст. Ҳамчунин бо фармони дигари раисҷумҳур, муовини якуми раиси додгоҳи олӣ Маҳмудҷон Ашӯров низ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа бозхонд шудааст.

Сомонаи раисҷумҳур менависад, 15 апрел Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Зимнан, Карим Каримзода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Абдуллоҷон Абдуллоев бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд шуда, Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Абдулҳафиз Ашурзода, ки ҳоло муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе аст, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи пешниҳоди дигар ваколати 7 нафар судяи Суди олии Тоҷикистон бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд ва 6 нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди олӣ пешниҳод шудаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Михаил Климентьев

Ваколати муовини раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мародбегим Ширинҷон ва 4 нафар судяи Суди олии иқтисодӣ бо сабаби ба синни нафақа расиданашон бозхонд шудааст.

Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва 6 нафар судяи ҷавон, ки беш аз 5 сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гардид.

Ба ин тартиб, тибқи пешниҳодҳо аз Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд.

Номзадии 23 кадри ҷавону корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди олӣ ва 7 нафар ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон рост меояд.

Доир ба интихоб ва бозхонд намудани шахсони мазкур пешниҳодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст.

Президент ба Нусратулло Абдуллоев, ки аз вазифаи раиси Суди олии Тоҷикистон ба нафақа рухсат дода шуд, "барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш" дар мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ арзи сипос кардааст.

Барчаспҳо:
вазифа, тағйирот, нафақа, Суди Олии Тоҷикистон, Нусратулло Абдуллозода, Шермуҳаммади Шоҳиён, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ