05:15 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот анҷом доданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот карданд

© Официальная страница МИД РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Музокироти раҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Равобити дуҷонибаи иқтисодиро вазирони корҳои хорияии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар Ашқобод матраҳ кардаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКХ ҶТ.

Дидори вузарои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод дар чаҳорчӯби ҳамоиши кишварҳои узви Санади ҳамгиройӣ дар мавриди ҳамкориҳои минтақавӣ дар умури назорат бар маводди мухаддир, ки 5 май баргузор шуд, сурат гирифтааст.

"Ҷонибҳо масоили равобити дуҷониба, мушкилоти минтақавӣ ва таҳдодотро матраҳ карданд. Дар ҷараёни дидор вузаро ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ таъкид карданд", — омадааст дар хабар.

Барои охирон бор вузаро дар Душанбе дар моҳи феврал дар ҷараёни сафари расмии раҳбари умури хориҷии Қирғизистон Абдилдаев дидор карда буданд.

Он замон раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ бо дарназардошти ҳаводиси Афғонистон зарурати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар муқобала ба таҳдидҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо истифода аз наҳваҳои СПАД ва СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Мушкили аслии миёни ин ду кишвар мавзӯъи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ маҳсуб мешавад. Ин мушкили то ҳолл ҳалношуда ба даргириҳо миёни сокинони манотиқи ҳаммарзи ду кишвар мунҷар мешавад.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз кӯҳистони Алай оғоз шуда, қад-қади кӯҳсори Заалай, Зарафшон, Туркистон ва то ба водии Фарғона, то нуктаи ба ҳам омадани марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тӯл мекашад. Имтидоди марзи миёни ду кишвар 987 километр мебошад.

Музокирот барои таъйини хутути марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2002 оғоз шуда буд. То авохири соли 2013 ду кишвар беш аз 500 километр марзи давлатиро таъйин кардаанд.

Мавзуъ

ОНММ маводди қочоқи симобро ба ҷониби Қирғизистон ирсол кард
Ниҳодҳои вижаи Тоҷикистону Қирғизистон 9 кг ҳероинро забт карданд
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад
Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд
Дар Душанбе барои шаҳрвандони Қирғизистон паспортҳои биометрӣ медиҳанд
Миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду пул бунёд мешавад
Барчаспҳо:
дидори вузарои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ВКХ, Эрлан Абдилдаев, Сироҷиддин Аслов, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ