22:34 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ

Вазири тоҷик: Тоҷикистон нигарони ҷангҳои Афғонистон аст

© Sputnik / Алексей Филиппов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Шӯрои омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ дар Ҳиндустон мавзеъгириҳои кишвари худро дар мавриди масъалаҳои амниятӣ ва геополитикии минтақа баён дошт.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз таҷаммуи Толибон ва ҷангҳо дар шимоли Афғонистон Тоҷикистон нигарон аст, вале мақомот умедвор аст, ки нерӯҳои афғон ҷангҷӯёнро шикаст дода, оромиро бармегардонанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Сироҷиддин Аслов, рӯзи 12-уми май дар Шӯрои Пажӯҳиши Умури Ҷаҳонии Ҳинд доир ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва таҳдидҳои минтақавӣ дар ҳузури коршиносон ва дипломатҳои ҳиндӣ ин ҳарфҳоро ироа кардааст.

"Мутаассифона, авзоъ бисёр ноором аст ва албатта, мо бисёр нигарон ҳастем. Аз як тараф Тоҷикистон марзи дарозе бо Афғонистон дорад ва ин марз мутаассифона, аз манотиқи кӯҳӣ ва душворгузар убур мекунад. Аз ҳамин сабаб мо бояд барои муҳофизати марзи худ талоши зиёде ба харҷ бидиҳем", — илова кардааст Аслов.

Айни замон ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон нерӯ ва қувваи кофӣ барои посбонии марзҳояш дорад ва иҷоза намедиҳад, ки Толибон ва дигар гуруҳҳои террористӣ ба кишвар ва Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Вазири умури хориҷӣ ҷангҳои ахир дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зикр кард ва гуфт, ки Толибону дигар гурӯҳҳои террористӣ фаъолият ва теъдоди ҷангҷӯёнашонро дар вилоятҳои шимолӣ ва шарқии Афғонистон афзоиш додаанд. Вале ба бовари вазири умури хориҷии Тоҷикистон, нерӯҳои афғон тайи 10 соли охир ба пойи худ рост истодаанд ва бо вуҷуди тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ тавони инро доранд, ки амният дар кишварашонро таъмин намоянд.

"Мо бовар дорем, ки ҳукумати Афғонистон тамоми кушишро мекунад, ки ин ҳамлаҳо ба зидди мардуми афғонро хотима бидиҳад, зеро имрӯз артиши Афғонистон мисли артиши 10 ё 15 соли пеш дар ин кишвар нест. Нерӯҳои Афғонистон имрӯз бисёр қавӣ ҳастанд ва қудрат доранд, ки алайҳи террористону Толибон биҷанганд", — илова кардааст Аслов.

Баъди ҳамлаи Толибон ба вилояти Кундуз, ки рӯзи 24-уми апрел шурӯъ шуд ва садояш то манотиқи марзии Тоҷикистон мерасид, ба гуфтаи вазорати умури дохилии Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар 200 ҷангҷӯро куштаанд. Сироҷиддин Аслов дар рафти сӯҳбаташ, ки тақрибан як соат давом кард, дар посух ба суоли як коршиноси ҳиндӣ дар бораи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бо раҳбарии Русия посухи эҳтиёткоронае дод. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз ҳам ҳукумати Тоҷикистон суду зиёни ҳамроҳ шудан ба ин созмонро баррасӣ мекунад.

"Мо ҳанӯз ҳам оқибатҳои манфӣ ва мусбати узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро баррасӣ дорем, зеро кишвари ман кишварест, ки ба баҳр роҳ надорад ва аз ин сабаб мушкилоти зиёде дорем. Иқтисоди мо бисёр осебпазир аст, чунки 93 фоизи кишвар кӯҳистон аст ва танҳо 7 дар сад барои кишту кору дигар фаъолиятҳои саноатӣ муносиб мебошад. Мо 50 дар сади маҳсулоти хӯрокаамонро аз берун ворид мекунем, тақрибан 60 то 70 дарсади баъзе аз ашёи хом низ аз хориҷ ворид мешавад. Иқтисоди мо дар баробари унсурҳои дигар низ осебпазир аст, барои ҳамин мо, дар масъалаи пайвастан ба ҳаргуна созмонҳои иқтисодӣ бисёр эҳтиёт мекунем", — илова кардааст вазири тоҷик.

Айни замон Сироҷиддин Аслов Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро созмони "бисёр хубе" хонд ва гуфт, ки Тоҷикистон бо аъзои он — Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Арманистон ва Белорус дӯстиву ҳамкории зич дорад.

Сироҷиддин Аслов дар ҳузури коршиносони ҳиндӣ дар бораи чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард ва гуфт, ин минтақаро ноогоҳона ба "рақобатҳои геополитикӣ ва геостротегӣ андохтаанд" ва ба қавли ӯ "Осиёи Марказӣ ҳамчун як гӯшаи осебпазир ва шиканандаи сайёра набояд ба саҳнае барои рақобат ва ноамнӣ" табдил дода шавад. Сироҷиддин Аслов, ки бо як сафари серӯзаи расмӣ, 11-уми май вориди Деҳлӣ шуд, аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд ситоиш кард ва гуфт, умедвор аст, сафари нахустини Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ медиҳад. Ӯ нагуфт, ки ин сафар кай сурат мегирад. Дар ҷараёни сафараш Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷӣ ва дифои Ҳинд сӯҳбат мекунад.

Барчаспҳо:
ҳимоя, марз, Толибон, амният, нигаронӣ, хатар, таҳдид, нишаст, вазорати умури хориҷа, Сироҷиддин Аслов, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ