03:30 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков. Акс аз бойгонӣ

Вазири умури дохилаи Украина шояд аз мансабаш маҳрум шавад

© Sputnik / Александр Максименко
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Вазири корҳои дохилаи Украина бо сабаби ҳамлаи гурӯҳи то ҳол номаълум дар назди манзили зисти муовинаш ба гурӯҳи наворбардорони як шабакаи телевизионӣ шояд аз мансабаш барканор шавад.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бархе аз вакилони парлумони Украина тарҳи санад дар бораи истеъфои вазири корҳои дохила Арсен Аваковро омода карда, онро барои баррасӣ пешниҳод сохтаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Кумитаи мубориза алайҳи фасоди Радаи болои Украина пешниҳод дар бораи омодасозии санади истеъфои Аваковро ҷонибдорӣ карда, зери он ҳамаи аъзои кумита имзо гузоштанд",- иброз дошт узви гурӯҳи мазкур Юрий Деревянко.

Вакили парлумон аз ҷиноҳи аз ҳама сернуфузи Радаи боло "Блоки Петр Порошенко" ("Блок Петра Порошенко") Сергей Лешенко гуфт, яке аз сабабҳои истеъфои Аваков аз мақоми вазирӣ ҳодисаи марбут ба муовини ӯ- Сергей Чеботар мебошад. Ба иттилоъи расонаҳои украинӣ, аснои наворбардории як барномаи телевизионӣ дар назди хонаи Чеботар ба гурӯҳи наворбардорон ҳамла сурат гирифт.

Кормандони шабакаи телевизионӣ бар ин назаранд, ки ҳамла аз ҷониби домоди муовини вазир Олег Полишук ва тоҷири шиносаш Сергей Гаврилко тарҳрезӣ шудааст. Бо иттиҳоми ҳамла ба хабарнигорон ду парвандаи ҷиноӣ боз гардид, аммо бо гузашти ду ҳафта аз ҳодиса на муҷримин боздошт гардиданду на дар қиболи Чеботар чораҳои интизомӣ андешида шуданд.

Ба қавли Лешенко, миёни вакилоне, ки санади истеъфои Аваковро имзо кардаанд, на фақат аъзои ҷиноҳи "Ёрии худӣ" ("Самопомош"), балки вакилон аз фраксияи  "Ҷабҳаи мардумӣ" ("Народный фронт") низ ҳастанд.

Мавзуъ

Дар Украина алайҳи Янукович парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Аврупо ба бозтоби воқеъии ҳаводис дар Украина шубҳа дорад
Барчаспҳо:
истеъфои вазири умури дохилаи Украина, ҳамла ба журналистон, ҳодиса дар назди хонаи муовини вазир, ҳамла ба наворбардорон, Ёрии худӣ, Ҷабҳаи мардумӣ, Блоки Петр Порошенко, Радаи Боло, Сергей Лешенко, Юрий Деревянко, Сергей Чеботар, Арсен Аваков, Олег Полишук, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ