01:07 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Бархе аз ин бознишастаҳо бо ифтихорнома ва нишонҳои Агентӣ қадр шудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, наздик ба 40 корманди ниҳоди зертобеяшро ба нафақа гусел кардааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Тоҳир Ҷобирзода. Акс аз бойгонӣ
Официальный сайт Агентства по госфинконтролю и борьбе с коррупцией РТ

Рӯзи 26 май 38 корманди солхӯрдаи Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар, ки мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ба нафақа фиристода шудаанд. Манбаъ менависад, дар маросими гусел Рустами Эмомалӣ, раиси Агентӣ иштирок дошта, ба кормандони собиқадори мақомот барои содиқона хизмат кардан миннатдорӣ баён намудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ афзудааст, ки аз миёни ин 38 нафари бознишаста номи ду нафарашон ба Китоби фахрии Агентӣ дохил шуда, 4 нафари дигар бо нишонаи сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" ва 15 нафар бо "Ифтихорнома"-и Агентӣ мукофонида шуданд.

Гусели кормандони Оҷонсӣ ба нафақа дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрӣ дар ин ниҳод дар аҳди Абдуфаттоҳи Ғоиб интиқод намуда, таъкид кард, ки ба интихоби кормандони болаёқат таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

Барчаспҳо:
38 нафар, қадрдонӣ, нишон, ифтихорнома, гусел, нафақа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Рустами Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ