20:32 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Хуршед Маҳмадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали ВКД кор кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Полковник Хуршед Маҳмадзодаи 43-сола фармондеҳи нави Дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ ё худ "ОМОН"-и Тоҷикистон таъин шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Хуршед Маҳмадзода дар ин мақом Гулмурод Ҳалимовро иваз кард, ки баъди як моҳи ғайб заданаш аз Душанбе, 27-уми майи соли равон тариқи як навор дар интернет эълон кард, ки ба созмони террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Хуршед Маҳмадзода аз моҳи декабри соли 2014 фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва аз моҳи феврали соли равон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ таъин шуда буд.

Хуршед Маҳмадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Суҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст. Ин тағйирот дар ҳолест, ки дар пайи пайвастани Ҳалимов ба "Давлати исломӣ" дар ҷаласаи ҳукумат ҳайати нави мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Барчаспҳо:
тағйирот, ҷаласа, пайвастан, фирор, фармондеҳ, таъйин, "Давлати исломӣ", ВКД, "ОМОН", Гулмурод Ҳалимов, Суҳроб Қосим, Хуршед Маҳмадзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ