Назарпурсӣ: аврупоиҳо дар бораи афзоиши маҳбубияти аҳзоби мухолиф

© Flickr \ Blondinrikard FröbergПарчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ
Парчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ICM Research барои хабаргузории Sputnik дар чаҳорчӯби тарҳи Sputnik.Мнения аз 1 то 4 моҳи майи соли 2015 дар Бритониё, Фаронса ва Испания барои рӯшан кардани омилҳои афзоиши маҳбубияти аҳзоби мухолиф назарпурсие анҷом додааст.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Назарпурсӣ дар пасманзари рушди сиёсии аҳзоби ростгаро дар Бритониё, Фаронса ва Испания баргузор шуда, пурсидашудагон чанд навъи посухро метавонистанд интихоб кунанд.

Умдатан онҳо се омили ин амрро изҳор медоштанд: мизони баланди муҳоҷират (47%), ваъдаҳое, ки иҷро нашудаанд (46%) ва шикасти интизориҳо аз ИА (38%).

49% сокинони Испания ба унвони омили рушди маҳбубияти аҳзоби мухолиф зарурати ислоҳоти иҷтимоиро ном бурданд. Испаниягиҳо дар нисбати фаронсавиҳо ва бритониягиҳо омили мизони баланди муҳоҷиратро камтар (ҳамагӣ 10%) унвон карда шикасти интизориҳо аз ИА (ҳамагӣ 16%) ном бурдаанд.

Ва баръакс, 67% пурсидашудагон дар Бритониё мизони баланди муҳоҷиратро омили аслии боло рафтани мизони маҳбубияти аҳзоби мухолиф медонанд. 53% бритониягиҳо ва 30% фаронсавиҳо муътақиданд, ки афзоиши маҳбубияти аҳзоби мухолиф дар пайи шикасти интизориҳо аз ИА сурат гирифта ва 44% фаронсавиҳову испаниягиҳо шикастҳо дар бахши иқтисодро омили асосӣ медонанд.

4097 нафар пурсида шуданд (2005 нафар дар Бритониё, 1041 нафар дар Фаронса ва 1051 нафар дар Испания). Интихоби пурсидашудагон тибқи ҷинсият, синну сол ва география сурат гирифтааст. Мизони эътимод дар маҷмӯъ барои кишвар +/- 3,1% зимни эътимоднокии 95% мебошад.

Лентаи хабарҳо
0