23:41 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Рамзи САҲА

САҲА дар эъмори ҷомеъаи демократӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

wikimedia.org
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Аснои ҳамоиши САҲА-Тоҷикистон имкониятҳои ироаи кӯмакҳои минбаъдаи ин ташкилот дар се бахш- низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ (ҳимояи ҳуқуқ) ба баррасӣ гирифта шуд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. САҲА зимни баргузор кардани нишасте дар шаҳри Душанбе, як соли фаъолияти худро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ кард ва нақшаҳоро барои соли 2016 муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ин ташкилоти байналмиллалӣ.

Дар ин нишаст, ки бо ширкати роҳбарияти Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндгони ВАО сурат гирифт, ҳамчунин ҳамкориҳои ин созмонро бо ниҳодҳои маҳаллӣ мавриди баҳс қарор доданд.

Раҳбари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер гуфт, як соли фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қаноатбахш буд.

"Фаъолияти САҲА масоили татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили терроризм ва мудирияти марзҳо, расонидани кӯмак ба бозорҳои наздисарҳадӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи башар, рушди ВАО ва ташаббусҳо дар ворид намудани ислоҳот дар қонунгузориро дарбар мегирад",- афзуд ӯ.

Ба гуфти Мюллер, поксозии минтақаҳо аз мина, баланд бурдани мавқеи занон дар сиёсат, кам кардани шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ аз ҷумлаи корҳои анҷомдодаи ин созмон ба шумор меравад.

Раиси САҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, он барномаҳоеро, ки мо дар соли 2015 татбиқ карда будем, дар соли оянда низ давом хоҳем дод. Вале се масъалаи муҳиме мавҷуд аст, ки мо махсус таваҷҷӯҳ хоҳем кард.

"Ин масъалаҳо, мудирияти марзҳо аст, бо назардошти он, ки дар Афғонистон вазъ муташанниҷ мешавад. Масъалаи дуввум марбут ба муҳоҷирати меҳнатист, чун дар Русия бӯҳрони иқтисодӣ дорем ва ин бевосита ба Тоҷикистон таъсири худро мерасонад. Ҷанбаи сеюм ба ифротгароӣ рабт мегирад, ки ба Сурия вобаста аст",- илова кард Мюллер.

Ба масъалаи интихобот ва шеваи баргузории он дар Тоҷикистон дахл карда, Маркус Мюллер гуфт, интихобот, танҳо бахше аз фаъолияти моро ташкил мекунад. Мо бештар дар мавриди ҳуқуқи инсон корҳои зиёдеро анҷом медиҳем, аммо дар ин маврид сару садои зиёдатӣ баланд намекунем

Мавзуъ

Намояндаҳои САҲА-ро ба мурофиаи Саидов роҳ надоданд
Барчаспҳо:
кори яксолаи САҲА, баррасии масоили ҳуқуқи инсон, амнияти марзҳо, САҲА, Маркус Мюллер, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ