23:44 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дахлу харҷи аҳзоб назорати шадид мешавад

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи иловаҳо ба қонуни аҳзоби сиёсиро пазируфт, ки ба қавли мақомот, яке аз ҳадафҳояш ҷилавгирӣ аз сармоягузории гурӯҳҳои тундрав будааст.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Тарҳи тағйирот ба Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", ки назорати фаъолияти молии ҳизбҳоро шиддат мебахшад, аз сӯи аъзои парлумони Тоҷикистон пазируфта шуд, менависад сомонаи парлумон.

Ин тағйир илова бар назорати фаъолияти молӣ ҳамчунин сарчашмаҳои таъминоти онҳоро шиддат мебахшад ва ёриҳои молиявӣ ба аҳзоби сиёсиро маҳдуд мекунад.

Бар асоси ин тарҳ, ки онро палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 17 июн қабул кард, ҳизбҳои сиёсӣ ҳар маблағеро, ки дарёфт мекунанд, бояд дар шакли расид (квитансия) ва санади ҳисоби бонкӣ қатъӣ карда, дар охири сол гузоришро дар мавриди даромадҳояшон дар матбуот нашр кунанд.

Дар ин тарҳ омадааст, ки кӯмаки шахси воқеӣ дар як сол барои ҳизб набояд аз 300 нишондиҳанда, яъне дар ҳудуди 2 ҳазор доллар ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз якуним ҳазор нишондиҳанда, яъне 10 ҳазор доллар бештар бошад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми баррасӣ дар парлумон ҳадафи ин тарҳро дар дақиқ намудани сармоягузорӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти молии аҳзоби сиёсӣ маънинидод кардааст.

"Бояд донем, ки дар кадом асос ва пояи молиявӣ ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият карда истодаанд. Мақсади асосӣ ин роҳ надодани маблағҳои ғайриқонунӣ, барои мисол, аз хориҷи кишвар, аз сӯи гурӯҳҳои тундгаро ва сарватмандоне ҳаст, ки метавонанд ба ҳаёти сиёсӣ дахолат кунанд. Ин масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳамаро ба ташвиш оранд ва ҳатман зери танзими ҳуқуқӣ қарор бигиранд", — гуфтааст вазир.

Вазири адлия бар ин аст, ки "тамоми масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон бояд дар доираи қонунгузориҳои сиёсӣ ва дар дохили кишвар ҳал шуда", набояд ҳизбҳо аз хориҷ маблағгузорӣ шаванд. Зеро, ба иддаои Рустам Шоҳмурод, ҳар маблағе, ки аз беруни Тоҷикистон ворид мешавад, "ҳадафи мушаххас дорад".

Барчаспҳо:
сарф, кӯмакҳо, маблағҳо, дахлу харҷ, фаъолияти молӣ, назорати шадид, қонун, иловаҳо, парлумон, Аҳзоби сиёсӣ, Вазорати адлия, Рустами Шоҳмурод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ