01:18 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Ҷаласаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Ҳусайнӣ: “агар президент бихоҳад, ҲНИТ номашро тағйир медиҳад”

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
12 0 0

Ба нақли ноиби аввали раиси ҲНИТ, ҳанӯз дар соли 1999 президент аз раҳбари вақти ҳизб – Саид Абдуллоҳи Нурӣ хоста будаст, ки номи ҳизб тағйир хӯрад.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, агар раисиҷумҳури Тоҷикистон бихоҳад, омодаанд, ки номи ҳизбро тағйир диҳанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳусайнӣ дар ин бора 22 июн дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кардааст. Вай афзудааст, масъалаи табдили номи ҳизб бори аввал соли 1999 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ — раҳбари марҳуми ҲНИТ пешниҳод шудааст.

"Соли 1999, вақте Додгоҳи олӣ дубора иҷоза дод, то ҳизб фаъолияташро давом диҳад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба устод Нурӣ пешниҳод карда буд, ки калимаи Ислом аз номи ҳизб гирифта шавад. Аммо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раисиҷумҳур гуфтанд, ҳоло барои иваз кардани номи ҳизб каме вақт ҳаст, чунки дар сурати гирифтани калимаи Ислом душманон метавонанд, сулҳи моро вайрон кунанд", — нақл кардааст Ҳусайнӣ.

"Соли 2003 Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба назди раисиҷумҳур рафт, то пеш аз ҷаласаи навбатӣ иваз кардани номи ҳизбро дар миён гузорад, аммо раисиҷумҳур ба он розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки бо ҳамин ном фаъолият кунем", — афзудааст ноиби аввали раиси ҲНИТ.

Ба қавли Ҳусайнӣ, гӯиё президент гуфтааст, дар тамоми Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ фаъолият дорад ва он аз демократияи бештар дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.

"Барои ҳамин, розӣ шудааст, то номи Ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ монад. Вагарна, он замон омода будем, дар ном тайғирот ворид кунем", — афзуд Ҳусайнӣ.

 Саидумар Ҳусайнӣ гуфт, агар мушкили мақомот бо онҳо сари номи ҳизб бошад, дар сурати матраҳ шудани ин масъала аз сӯи раисиҷумҳур ва ё мақомоти баландпоя омодаанд, ки онро табдил диҳанд.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
ноиби аввал, табдил, хоҳиш, тағйири ном, нишасти матбуотӣ, ҲНИТ, Саидумар Ҳусайнӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ