06:07 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Музокирот барои фаъол кардани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни Душанбе ва Тошкандро коршиносон “умедворкунанда” меноманд, вале ҳамзамон ҳушдор медиҳанд, ки пешрафтҳоеро набояд интизор шуд.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрӯз дар Тошканд ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон анҷом меёбад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҷаласа рӯзи душанбе оғоз шуд ва тӯли ин рӯзҳо ҳайатҳои ду кишвар масоили азсаргирии интиқоли газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, табодули нерӯи барқ, азсаргирии иртибототи ҳавоӣ ва ҳамчунин ҳаракати қаторҳову автобусҳоро баррасӣ мекунанд. Масоили содда кардани низоми раводид миёни ду кишвар дар ин ҷаласа матраҳ намешавад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот муъовини аввали нахуствазири кишвар Давлаталӣ Саид ва ҷониби Ӯзбакистонро ҳамтои вай Рустам Азимов раҳбарӣ мекунанд.

Ба ҳайъати Тоҷикистон намояндагони 18 вазоратхона ва ниҳодҳо, аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири саноъат ва фанновариҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Идораи гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, муъовини вазири хориҷа Парвиз Давлатзода, раиси ширкати "Барқи Тоҷик" Рустам Раҳматзода, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев ва раисони ширкатҳои давлатии "Тоҷик Эйр" ва "Тоҷиктрансгаз" шомил ҳастанд.

"Дар пайи ин ҷаласа тасмимҳои қобили мулоҳизаро набояд интизор шуд, зеро ин аввали роҳи тӯлонист", — гуфтааст ба Радиои Озоди як манбаъи наздик ба раванди музокироти Тошканд.

Дар Душанбе умедворанд, ки дар пайи ин ҷаласа тавофуқоте дар заминаи азсаргирии ҳаракати қаторҳо ва автобусҳо гирифта мешаванд, ки тавассути онҳо ҷаҳонгардон метавонанд аз Бухоро ва Самарқанд дидан кунанд.

Ҳамчунин манбаъ зикр кард, ки масоили низоми раводид, баҳсҳои марзӣ, азсаргирии интиқоли газ ва табодули нерӯи барқ ва азсаргирии иртибототи ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар масоили ҳалли дарозмуддат мебошанд.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳанӯз соли 1992 мутаваққиф шуда бо гузашти 23 сол то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Дар авоили соли 2015 ширкати милии ҳавоии "Ӯзбакистон ҳаво йуллари" дар бораи азсаргрии парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз авохири моҳи март хабар дод. Душанбе таъйид кард, ки Тошканд дар бораи гирифтани иттилоъ дар мавриди ҳаққи хидматҳои фурӯдгоҳи пойтахт дархост ирсол кардааст, вале дар бораи оғози парвозҳо расман нома нагирифтааст.

Мавзуъ

Марзбонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори нахуст музокирот анҷом доданд
Изҳори хушнудии Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзии Ислом Каримов
Ислом Каримов унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол дошт
Барчаспҳо:
музокирот дар Тошканд, ҳукумати Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода, Рустам Азимов, Давлаталӣ Саид, Комил Мирзоалиев, Рустам Раҳматзода, Парвиз Давлатзода, Абдуфаттоҳ Ғоиб, Шавкат Бобозода, Шералӣ Ганҷалзода, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ