10:51 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Президент дар суҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфтааст, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи таблиғотчиён нашаванд.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ бо донишҷӯён мулоқот ва дар бораи ваҳдат сӯҳбат кард, менависад сомонаи президенти Тоҷикистон.

Ин мулоқот имрӯз, 26 июн бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон доир шуд.

"Барои расидан ба ин рӯзи саид мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардад", — гуфтааст президент.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки вазифаи муҳими мардум муаррифии аҳамияти Ваҳдати миллӣ, ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати ифротгароӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо вакилони Ассамблеяи парлумонии НАТО. 23 июни соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад", — афзудааст президент.

Дар ин мулоқот вай ҳамчунин аз гароидани баъзе ҷавонон ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" изҳори нигаронӣ карда, тазаккур додааст, ки ин ҳаракати иртиҷоӣ ҳеҷ умумияте ба дини ислом надорад, балки баръакс нақшаву ниятҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.

"Муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд", — даъват кардааст аз волидайни тоҷик.

Барчаспҳо:
ваҳдат, донишҷӯён, Рӯзи ваҳдати миллӣ, мулоқот, Донишгоҳи аграрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ