02:01 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи ҲНИТ нигарон аст

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
15 0 0

Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо пахши як изҳорот аз нигарониҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди фишор ва нақзи Созишномаи сулҳи тоҷикон оиди плюаризми сиёсӣ ҷонибдорӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Созмони амнияту ҳамкории Аврупо изҳоротеро мунташир кард, ки дар он аз вазъият атрофи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нигаронӣ мешавад, иттилоъ медиҳад ОИ "Авеста".

САҲА ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд дар пайи интихобот фишор болои аъзои ҲНИТ афзоиш ёфта, наворҳои шубҳабарангези истеъфои аъзои ҳизб пайдо шуданд.

"Хулосаи ниҳоии нозирони САҲА аз раванди интихоботи парлумонии соли равон нишон додааст, ки бо маҳдудиятҳои зиёде гузашта, барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар таъмин нашудааст",-омадааст дар изҳороти мазкур.

Ҳамзамон, таъкид гардидааст, ки барои якумин бор дар 18 соли охир яке аз тарафҳои калидии созишномаи сулҳи тоҷикон — ҲНИТ, бо нишони эътироз аз нақзи муқаррароти созишномаи сулҳ оид ба плюаризми сиёсӣ ва инчунин бо нишони эътироз алайҳи фишорҳо болои ҳизбу аъзоёнаш шикоят кардааст.

Дар изҳорот инчунин омадааст, ки "мо аз матлаби ахир дар нашрияи ҳукуматӣ оиди тафтишот алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита бо хусусигардонии ғайриқонунии 16 соли пеш нигаронем". Ин созмонҳои бонуфуз баъди муҳлати тӯлонӣ сар задани ин иттиҳомро шубҳаовар хонда, баёнгари афзоиши фишор болои аъзои ҲНИТ ва таҳқиби фаъолону мухолифони сиёсӣ тариқи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ донистаанд.

Дар ниҳояти изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона даъват шудааст, ки ӯҳдадориҳои байналмилалияшро дар назди САҲА иҷро кунад ва барои плюаризми сиёсии сулҳомез фазоро боз кунад.

 

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
фишор болои аъзоёни ҳизби сиёсӣ, наворҳои шубҳаангез, авзоъ атрофи ҲНИТ печида аст, изҳори нигаронии созмонҳои байналмилалӣ, Иттиҳодияи Аврупо, ИА, САҲА, ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, Вена, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ