23:28 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Уфа барои қабули ширкатдорони саммити СҲШ омодагӣ мебинад

Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард

© Sputnik / Алексей Даничев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Муқовимат бо густариши фаъолияти “Давлати исломӣ”, таҳдиди ин ва дигар гуруҳҳои тундрав ба кишварҳои узви СҲШ меҳвари баҳси нишасти Уфа хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи чаҳоршанбе ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба шаҳри Уфаи Русия рафт, менависад сомонаи президент.

Дар ин сафар раиси ҷумҳурро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 8-9 дар шаҳри Уфа баргузор мешавад. Дар ҳошияи ин нишаст, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сарони бархе аз кишварҳои узви ин созмон дар назар аст. Муқовимат бо густариши фаъолияти "Давлати исломӣ", таҳдиди ин ва дигар гуруҳҳои тундраву террористӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар меҳвари нишасти сарони ин созмон дар шаҳри Уфаи Русия хоҳад буд.

Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон Қирғизистон ва Чин аъзои ин созмон буда Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Афғонистон ба ҳайси нозир дар нишастҳои ин Созмон ширкат доранд.

Барчаспҳо:
тероризм, муқобила, ҷаласа, ширкат, корӣ, сафар, Саммити СҲШ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сумангул Тағойзода, Сироҷиддин Аслов, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Уфа

Мавзӯъҳои асосӣ