22:54 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дидори Владимир Путин бо раиси Чин Си Ҷинпин дар Уфа.

Путин бо раҳбарони БРИКС масоили сармоягузорӣ ва ҳастаиро матраҳ кард

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои узви БРИКС, ки барои ширкат дар ҳамоиш ба Уфа ташриф овардаанд, мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Феълан дар Уфа ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви БРИКС қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 9 — Sputnik. Дар Уфа, ки дар он ҷо ҳамоиши БРИКС оғоз ба кор кард, рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти дуҷонибаи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд: бо раиси Чин Си Ҷинпин, нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ва раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ва раиси ҷумҳури Бразилия Дилма Руссефф.

Раҳбарони Русия ва Чин мавзӯъоти сармоягузории Чин ба иқтисоди Русия ва ба ҳам омадани масоили мавриди назари ИАИ ва қамарбанди иқтисодии "Роҳи абрешим", бо Мдӣ Путин мавзӯъи пайвастани Ҳинд ба СҲШ ва сафари навбатии нахуствазири Ҳинд ба ФР ва дар дидори

руасои ҷамоҳири Русия ва Африқои Ҷанубӣ мавзӯъи азсаргирии ҳамкориҳои низомии ду кишвар матраҳ шудаанд. Ба гуфтаи сухангӯйи раҳбари ФР Дмитрий Песков масоили Юнон ва Украина дар ҳеҷ яке аз ин мулоқоти дуҷониба матраҳ нашудааст. 

Ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ дар пойтахти Башқордистон 8-10 июл баргузор шуда дар ин ду созмон Русия раҳбарӣ мекунад. Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомили БРИКС мебошанд. Дар суфуфи СҲШ Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор доранд. Муғулистон, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Афғонистон аз мақоми нозир дар ин созмон бархурдоранд. Дар моҳи сентябри соли 2014 Покистон ва Ҳинд расман дархости узвият дар СҲШ карда буданд.

Ба Уфа алаккай ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви БРИКС ва бархе аз раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ворид шудаанд.

Мавзуъ

Бонкҳои кишварҳои БРИКС бо $100 млрд худро суғурта карданд
Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард
Сафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов эҳтимол дорад дабири кулли СҲШ шавад
Барчаспҳо:
ҳамкориҳо, ҳамойиш, саммит, мулоқоти В.Путин бо раҳбарони кишварҳои БРИКС, СҲШ, БРИКС, Владимир Путин, Уфа, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ