21:43 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
9 июли соли 2015. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидори сарони БРИКС

Э.Раҳмон пешниҳод кард, яке аз солҳо “Соли ҷавонон” эълон шавад

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои русаш барои ташкил ва барпо кардани ин ҳамоиш изҳори ташаккур кардааст.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 10 июл дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Русия пешниҳод кард, то яке аз солҳои оянда "Соли ҷавонон" эълон шавад, менависад сомонаи президент.

Вай дар зимн аз ҳамтои русаш — Владимир Путин барои созмон додани ҳамоиши мазкур ва меҳмоннавозияш изҳори сипос кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, "қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва таъмини рушди устувор водор месозад", менависад сомона.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, сулҳ бебаҳост ва вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон — Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин созмони бонуфуз миннатдорӣ кардааст.

Дар идома ӯ ба раёсати Федератсияи Русия дар ин созмон баҳои баланд дода, ҳамзамон изҳори боварӣ кардааст, раёсати Ӯзбакистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш чанд пешниҳод низ кардааст, ки бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ, мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд.

"Аз ҷумла таъкид гардид, ки кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад ва пешниҳод карда шуд, ки яке аз солҳои оянда "Соли ҷавонон" эълон шавад", — омадааст дар хабари сомона.

Барчаспҳо:
"Соли ҷавонон", пешниҳод, дидор, ШОС, БРИКС, Эмомалӣ Раҳмон, Уфа

Мавзӯъҳои асосӣ