18:00 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сафари расмии Нарендра Моди аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҳиндустон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Наренда Модӣ, сарвазири Ҳиндустон дар Душанбе дар расми пардабардорӣ аз нимпайкараи Робиндранат Такур, адиб ва муттафакири ҳинд ширкат мекунад.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Наренда Моди, сарвазири Ҳиндустон, ки дар доираи як сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе аст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст, менависад сомонаи президент.

Ба иттилои сомона, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Моди субҳи 13 июл дар Қасри миллат баргузор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ бо сурудҳои миллӣ тибқи муқаррароти ташрифотӣ садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст.

"Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Моди аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон идома ёфта, бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди президенти Тоҷикистон ва сарвазири Ҳиндустон ба поён расид", — омадааст дар хабари сомона.

Сарвазири Ҳиндустон барои анҷоми як сафари давлатӣ шаби 12 ба 13 июл вориди шаҳри Душанбе шуда, ӯро дар фурудгоҳи пойтахт Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Нарендра Моди қарор аст, имрӯз 13 июл дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Робиндранат Такур, шоир ва муттафакири маъруфи Ҳиндустон иштирок кунад, ки дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, наздики сафорати ин кишвар ва рӯ ба рӯйи Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Қаблан расонаҳои Ҳиндустон аз сафари Моди ба Душанбе хабар дода, гуфтанд, ӯ аснои ин сафар аз бемористони низомие дар Тоҷикистон дидан мекунад, ки 15 сол қабл бо кӯмаки ин кишвар барои табобати ҷангиёни Эътилофи Шимол бунёд шудааст.

Ин воҳиди пизишкии саҳроиест, ки дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон бунёд ёфта ва Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз шадидан захмӣ шудан дар як ҳамлаи интиҳории 9-уми сентябр онҷо оварда шуд. Манбаъ мегӯяд, ин бемористони саҳроӣ пас аз суқути "Толибон" дар соли 2001 баста шуд, вале моҳи октябри соли гузашта дубора дарҳояш боз гардид.

Барчаспҳо:
нимпайкара, пардаборадорӣ, мулоқот, Ҳиндустон, сарвазир, сафари расмӣ, Наренда Моди, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ