Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши ҳарбӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДидори президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди. 13 июли соли 2015
Дидори президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди. 13 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориро дар самтҳои мухталиф, қабл аз ҳама, талош барои барқарори субот дар Афғонистон тақвият мебахшанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва муҳофизат, аз он ҷумла дар робита ба муқобила бо тероризм, зимни мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон Наренда Моди баррасӣ шуданд, менависад сомонаи президент.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҳиндустон

"Мо мувофиқ бар он будем, ки баъд аз хурӯҷи неруҳои асосии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дар вилоятҳои шимолии он маскан гирифтану фаъол шудани гуруҳҳои мухталифи террористию экстремистӣ пайдо намудан ва ба кор гирифтани роҳҳои муассири ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти комилан осоишта дар қаламрави он ҳамоҳангии бештари фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо менамоянд", — тазаккур додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин робита зарурати фаъолгардонии гуруҳҳои кории дуҷониба оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои гуногунарса бори дигар мавриди таъкид қарор гирифт, омадааст дар сомона.

Зимнан дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон се санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Ин санадҳо ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳангро фаро мегиранд. Ҷонибҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018-ро имзо кардаанд.

Имзои санади ҳамкорӣ то соли 2017 аз сӯйи вузарои хориҷаи ҶТ ва Ҳинд

Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Моди имзои санадҳои нави ҳамкориро дар татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хондаанд. Нарендра Моди бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намудааст, ки сафараш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.

"Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат аз қариб 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд", — омадааст дар сомона.

Дар мулоқот миёни ҷонибҳо барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсиаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур дониста шудааст. Ҳамзамон таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.

"Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд", — зикр шудааст дар сомона.

Манбаъ мегӯяд, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзуъҳои асосии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Моди буд.

Лентаи хабарҳо
0