22:08 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Парчами Иттиҳодияи Аврупо

Батлер: мушкили Украина аз мушкили Юнон сангинтар доман мезанад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ба эътиқоди коршинос агар вазъи иқтисодӣ дар Украина сангинтар шаваду кор то ба варшикастагӣ бирасад, ин амр муҷиби теъдоди зиёди муҳоҷирон мешавад ва дар ин сурат мушкили муҳоҷироне, ки аз баҳри Миёназамин убур мекунанд, барои Аврупо як амри маъмулӣ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар пасманзари мушкили Юнон ҷомеъаи Аврупо ба даргирии Украина чандон таваҷҷӯҳ намекунад, ҳарчанд ба навиштаи профессори бритониёӣ Ник Батлер, ки дар равзанаи худ дар сомонаи рӯзномаи Financial Times мунташир кардааст, ин мушкил сангинтар аз мушкилоти қаблӣ хоҳад шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, сиёсатмадорон метавонанд "танҳо дар як мушкил" таваҷҷӯҳи худро муттамаркиз кунанд ва феълан Аврупо танҳо аз вазъ дар Юнон нигаронанд.

"Дар як моҳи ахир таваҷҷӯҳи ҳама ба Юнон равона шудааст ва эҳтимоли воқеъие вуҷуд дорад, ки дар Украина мушкили сангинтаре доман мезанад, ҳарчанд ин мушкилро теъдоди надаке мушоҳида мекунанд", — навиштааст вай.

Ба гуфтаи вай, агар вазъи иқтисодӣ дар Украина сангинтар шавад ва кор то ба варшикастагӣ бирасад, ин амр муҷиби ихроҷи теъдоди зиёди муҳоҷирон мешавад ва дар ин сурат мушкили муҳоҷироне, ки аз баҳри Миёназамин убур мекунанд. Барои Аврупо як амри маъмулие хоҳад шуд.

Аз ҷумла атбоъи Украина метавонанд ба кишварҳое назири Лаҳистон, Руминия, Маҷористон ва Словакия муҳоҷират кунанд.

Батлер ёдовар мешавад, ки баъд аз гирдиҳамоиҳои нахустин дар Майдан дар моҳи ноябри соли 2013 иқтисоди Украина рӯй ба таназзул ниҳод. Соли гузашта мизони тавлидоти нохолиси миллӣ ба панҷ фоиз коҳиш ёфт ва дар соли ҷорӣ ба пешбиниҳои мухталиф уфти панҷ-даҳ фоизӣ дар пеш аст.

Раванди сармоягузориҳо ба кишвар мутаваққиф шуду иҷрои тарҳҳое назири истихроҷи гази слантсеӣ якҷо бо ширкатҳои Shell ва Chevron фаромӯш шуданд. Ба гуфтаи Блаттер баъд аз "ғасби Қрим" аз сӯйи Русия ва даргириҳои низомӣ дар Донбасс бастагии Украина аз воридоти ангиштсанг ва газ аз Африқои Ҷанубӣ, Австралия, бархе аз кишварҳои Аврупоӣ ва "мутаъассифона" аз Русия бештар шуд.

Ин ҳама ба сангинтар шудани вазъи қарзҳои Украина мунҷар шуд, ки ба гуфтаи коршинос ҳоло ғайри қобили мулоҳиза мебошад. "Украина наметавонад дигар қарзҳои хориҷии худро бозпардохт кунад ва ба ин далел пардохтҳои ҳармоҳааш барояш хеле сангин шудааст", — муътақид аст вай.

Батлер зикр мекунад, ки баргузории ҳамоиши бузурге дар Вашингтон дар заминаи ҷалби сармояҳои ҷадид ба Украина бозгӯи ин нуқта аст, "ҳукумати ИМА вазъи Украинаро ҷиддитар аз кишварҳои Аврупо дарк мекунад". Ҳамзамон вай афзудааст, ки бидуни ҳалли мушкили қарзҳои ин ҳамоиш судовар нахоҳад буд.

Коршинос бар ин назар аст, ки Аврупо бояд ба Украина кӯмак кунад ва агар ин корро накунад, пас бо кишвари "ноӯҳдабарое" бо ҷамъияти 45 миллион нафарӣ дар наздикии Будапешт ва Варшава рӯбарӯ мешавад.

Мавзуъ

Мусоҳиба бо Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити Русия ва ИМА, муқобала бо ДИ
Аврупо ба бозтоби воқеъии ҳаводис дар Украина шубҳа дорад
Сорос омодааст ба иқтисоди Украина $1 миллиард маблағгузорӣ намояд
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
СБП ба Украина $17,5 млрд медиҳад
ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
Барчаспҳо:
изҳори назар, Financial Times, Ник Батлер, Бритониё, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ