16:17 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Қирғизистон қарордод бо ИМА-ро лағв кард

© Sputnik / Андрей Бабушкин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Девони вазирони Қирғизистон баъд аз иттихози ҷоизаи “Ҳомии ҳуқуқи башар”-и Амрико ба Азимҷон Аскаров лағви қарордод бо ИМА-ро оғоз кард. Коршиносон “посухи” ҷавобии Кохи сафедро интизоранд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи душанбе қарори ҳукумати ҶҚ дар бораи лағви қарордод бо ҳукумати ИМА-ро имзо кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба маркази матбуъотии кишвар.

Тибқи қарор ва моддаи 39 Қонун "Дар бораи созишномаҳои байналмиллалии ҶҚ" ҳукумати Қирғизистон Қарордод миёни ҳукуматҳои ҶҚ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамкорӣ барои содда кардани ироъаи мусоъидат, ки 19 моҳи майи соли 1993 имзо шуда буд, аз 20 августи соли 2015 лағв мекунад.

"ВКХ ҶҚ муваззаф аст, ки баъд аз ба ҳукми иҷро қарор гирифтани ин тасмим тибқи навҳаи муқарраршуда ҳукумати ИМА-ро дар бораи лағви қарордод огаҳ созад", — омадааст дар хабар.

Девони вазирон тавзеъ медиҳад, ки санади ҳамкории миёни Қирғизистон ва ИМА дар бораи содда кардани иръаи мусоъидат чунин амрро дар назар дошт:

— маҳсулот, воридот ва ё дигар моликият, ки тибқи барномаи мусоъидати ИМА ворид ва ё истифода мешаванд, воридот ва содироти он, истифодаи он дар Қаирғизистон бидуни пардохти таруфаҳо, молиёт, андозҳои воридотӣ, гумрукӣ ва ё анвои дигари пардохтҳо, ки дар Қирғизистон роиҷ ҳастанд, сурат мегирад;

— ҳар як ниҳоди давлатӣ ва ё хусусии ИМА, ки ба иҷрои барномаи мусоъидати ИМА муваззаф шудааст ва ҳамчунин кормандони чунин созмонҳои хусусӣ, ки шаҳрванд ва ё нафари ба сурати доимӣ дар Қирғизистон зиндагӣ мекарда нестанд, аз андоз ба даромадҳо, пардохти ҳар гуна таруфаҳо, молиёт, андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ барои воридот ва пардохтҳои мушобеҳ, ки ба моликияти хусусӣ ва хонаводагӣ мансубанд, озод карда мешаванд.

Ба ҷуз аз ин ба кормандони мулкӣ ва низомии ҳукумати ИМА, ки дар Қирғизистон ба манзури иҷрои барномаҳои ИМА қарор доранд, иттихози салоҳиятҳои баробар ба кормандони мудирият ва фаннӣ дар чаҳорчӯби Таҳаддудоти Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 дода мешаванд.

Мавзуъ

Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад
НАТО аз Қирғизистон хост, Созишномаи транзити колоро тамдид кунад
Барчаспҳо:
созишномаи ҳамкории ИМА ва Қирғизистон бекор шуд, лағви қарордод бо ИМА, девони вазирони Қирғизистон, Темир Сариев, Бишкек, ИМА, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ