05:05 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин ба рушди муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда таъкид кардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Пекин қарор дорад, рӯзи панҷшнабе бо ҳамтои чинияш — Ван И мулоқот кард, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.

Дар нишаст масоили марбут ба  доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин ба зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо инчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд.

Дар охир ҳар ду ҷониб ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд.  

Барчаспҳо:
рушди кишвар, шарикони стратегӣ, таъкиди ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, мулоқоти ду вазир дар Пекин, Вазорати умури хориҷаи Чин, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ван И, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон, Чин, Пекин

Мавзӯъҳои асосӣ