10:52 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
28 0 0

Сафари кории президент дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон чаҳор рӯз идома меёбад ва дар ҷараёни он оқои Раҳмон ба оғози фаъолияти чанд иншоот асос хоҳад гузошт.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва ошноӣ ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ ба Бадахшон парвоз кард, иттилоъ медиҳад сомонаи президент.

Оқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015
Предоставлено Акмалом Ватаншоевым

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз 28 — ум то 31 — уми июл дар навоҳии Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома ёфта, дар ҷараёни он ҷаноби президент ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошта, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят сӯҳбату мулоқот анҷом медиҳад.

"Президент дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад",- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар шаҳру навоҳии вилоят Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд.

"Инчунин дар ин сафар президент барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати ҳукумат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ — истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди НБО  "Себзор" бо зарфияти истеҳсолии 60 миллион кВт қувваи барқ дар бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи "Себзор — Хоруғ" бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Барои рушди туризм бошад, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии "Ванҷи боло" дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то охири моҳи равон идома меёбад.  

Мавзуҳо:
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
Барчаспҳо:
сафари президент ба Бадахшон, боздиди корӣ, чор рӯз президент дар ВМКБ мемонад, сафари Раҳмон ба Бадахшон, сел дар Ванҷ, оқибатҳои обхезӣ, НБО "Себзор", Маҷмааи варзишӣ, корхонаи коркарди ангат дар Ванҷ, Эмомалӣ Раҳмон, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон, ВМКБ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ