“Россия сегодня” барои расонаҳои кишварҳои СҲШ ҳамоиш баргузор кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкУмури омодагӣ ба ифтитоҳи ҳамоиши иқтисодии Петербург
Умури омодагӣ ба ифтитоҳи ҳамоиши иқтисодии Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кори ин ҳамоиши расонаӣ, ки баррасии навҳаи таъсиси фазои воҳиди иттилоъотӣ дар қаламрави СҲШ ҳадаф дорад, пешоҳангҳои бозори расонаӣ ва коршиносони 13 кишвар, нозирон ва шарикони муколама ширкат карданд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Рӯзи сешанбе дар Маскав ҳамоиши расонаии кишварҳои узви СҲШ "Дар масири фазои воҳиди иттилоъотии СҲШ", ки ХБИ "Русия имрӯз" ва "Агентии федеролии табъу нашр ва мухобироти оммавӣ" мубтакирони он мебошанд, оғоз шуд.

Дар кори ин ҳамоиши расонаӣ, ки баррасии навҳаи таъсиси фазои воҳиди иттилоъотӣ дар қаламрави СҲШ ҳадаф дорад, пешоҳангҳои бозори расонаӣ ва коршиносони 13 кишвар, нозирон ва шарикони муколама ширкат карданд.

"Ҳамкориҳои иттилоъотӣ қадами умдаи рушди СҲШ мебошад. Мо ҳадафи худро дар тавсеъаи муколама бо ҳамтоён мебинему таҳияи тарҳҳои муштарак, ки ҳамгироии ҳалқҳои кишварҳои СҲШ-ро ҳадаф дораду ба тақвияти ҳамдӯстиву эътимоди миёни онҳо мусоъидат мекунад, ҳадаф дорем", — гуфт дар суханронии худ раиси ин ҳамоиш, мудири кулли ХБИ "Россия сегодня" Дмитрий Киселев.

Дар миёни ширкаткунандагони ин ҳамоиш намояндагони хабаргузориҳои "Синхуа" (Чин), ИРНА (Эрон), "Кабар" (Қирғизистон), "Ховар" (Тоҷикистон), ширкати телевизиониву радиоии "Қазақстан" (Қазоқистон) ва ҳамчунин ширкати телевизиониву радиоии ТРТ (Туркия) ва гурӯҳи расонаҳои India Today Group (Ҳинд) ҳузур доштанд.

Коршиносон дар ҷараёни ин ҳамоиш вижагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, омилҳои фаннӣ ва вижагиҳои миллии рушди расонаӣ, масоили ҳамгироии расонаҳо ва давлат, хабарнигорон ва ҷомеъа, нақши расонаҳо дар равобити байналмиллалӣ, аз ҷумла дар мавриди равандҳои ҳамгироиро баррасӣ карданд.

“Русия имрӯз” лавҳаи ҷадиди чандрасонаӣ дар бораи ҶБВ-ро пахш кард

Иттилоъ дар бораи ХБИ "Россия сегодня"

ХБИ "Россия сегодня" гурӯҳи расонаҳои байналмиллалиест, ки ироъаи иттилоъоти сареъ, воқеъбинона ва мутавозинро аз ҳаводиси ҷаҳон ва огаҳии муштариён аз назароти мухталиф ба ҳаводиси калидиро ҳадаф дорад. Сохтори ХБИ "Россия сегодня" аз хабаргузориҳои мухталиф иборат аст: РИА Новости, РИА Недвижимост, Прайм, Р-Спорт, РИА Рейтинг, ИноСМИ иборат аст. ХБИ "Россия сегодня" дар мавриди иқтибосот дар расонаҳои русӣ пешсаф буда барои афзоиши иқтибосот дар расонаҳои хориҷӣ талош мекунад. Хабаргузорӣ ҳамчунин аз пешсафони иқтибосот дар шабакаҳои иҷтимоии Русия ва блогҳо мебошад.

ХБИ "Россия сегодня" радиошунавонӣ, хабаргузориҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ, бахшҳои хабарӣ ба даҳҳо забонҳо, марокизи матбуъотии бисёррасонаӣ, тавлид ва тавзеъи бахши аксҳо ва инфографикаҳо, тавлидоти хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавлиди бахш барои замимаҳои мобилиро муттаҳид сохтааст.

Лентаи хабарҳо
0