02:25 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015

Ҳаит: Муҳиддин Кабирӣ ба ватан барнамегардад

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Бо дарназардошти вазъ дар атрофи ҲНИТ ва раҳбари он шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки бозгашти Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, ки дар он ҷо аз моҳи март бад ин сӯ қарор дорад, қобили қабул нест.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тасмими шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии ҳамчунон боқӣ мондааст ва Муҳиддин Кабирӣ ба ватан барнамегардад, хабар дод ба Sputnik муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳаит.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон барои раиси ҳизб хатароте вуҷуд доранд ва Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар, ки дар он ҷо аз моҳи март бад ин сӯ қарор дорад, барнагардад.

"Шӯрои сиёсӣ тасмим гирифт, ки таҳдидот, фишорҳо дар қиболи аъзо ва бахшҳои ҳизб идома доранд ва ба худи Кабирӣ низ таҳдидҳо воқеъӣ мебошанд. Мо ба вай машварат додем, ки то беҳбуди авзоъ ба кишвар барнагардад. Худи Кабирӣ аз тасмими мо пуштибонӣ карда дар хориҷ аз кишвар бо машварати мо фаъолият мекунад", — гуфт Ҳаит.

Кабирӣ Тоҷикистонро баъд аз интихоботи порлумонӣ тарк кард, ки дар он ҳизби вай 1.6% раъйи мардумро ба даст оварда вориди парлумон нашуд.

Дар чанд моҳи ахир даҳҳо фаъолони ҳизбӣ ва раҳбарони бахшҳои маҳаллии ҲНИТ аз суфуфи ҳизб ихроҷ шуда изҳор доштанд, ки ин ҳизб ба суботи кишвар таҳдид мекунад.

Чанд тан аз аъзои ҳизб ба иттиҳомоти мухталиф аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дар иртикоби чанд ҷароими марбут ба моликият ва азхудкунии моликияти давлатӣ муттаҳам кард. Додгоҳ хусусисозии як муассиса ва қитъаи замини атрофи он дар шаҳри Душанберо ғайриқонунӣ донист. Гуфта мешавад, ки ин қитъаи замин барои эҳдоси муасиссаи тандурустӣ ихтисос ёфта, вале ғайриқонунӣ аз сӯйи Кабирӣ хусусӣ шудааст.

Мавзуъ

Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад
Кабирӣ дар телевизион: “хиёнат накунед”
М. Кабирӣ: ҷомеъаи Тоҷикистон зидди тундгароӣ аст
Кабирӣ дар раҳпаймоии Чеченистон ширкат мекунад
Кабирӣ ва Смит дар бораи таҳдидҳо сӯҳбат карданд
Барчаспҳо:
тасмими Шӯрои сиёсии ҳизб, раиси ҲНИТ ба Тоҷикистон намеояд, худдорӣ аз бозгашти Кабирӣ ба ватан, ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳаит, Муҳиддин Кабирӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ