08:39 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Масҷид

Дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор масоҷиди ғайрирасмӣ масдуд шудаанд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Додситони кулли кишвар зикр кард, ки ин масоҷид дар пайи бозрасиҳо масдуд шуда ин амр бо муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” муғойир нест.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта 1032 масҷдиди ғайрирасмӣ масдуд шудаанд, хабар дод имрӯз ба хабарнигорон додситони кулли кишвар Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.

Ба гуфтаи додситон куллияи ин сохтмонҳо ба ниёзҳои таъсисоти ҷамъиятиву фарҳангӣ ирсол шудаанд.

Юсуф Раҳмон гуфт, ки масоҷид дар пайи бозрасиҳо масдуд шуда ин амр бо муқаррароти Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" муғойир нест.

Барои бори нахуст нест, ки дар Тоҷикистон миқдори зиёде аз масоҷиди фаъолияташон ғайрирасмӣ масдуд мешаванд. Соли гузашта Кумиссиюни байналмиллалии амрикоии озодии адён (USCIRF) баъд аз пажӯҳиши вазъ дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро вориди феҳрасте кард, ки "моя нигаронии амиқ" дар канори Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия, Туркманистон ва Ветнам мебошад. 

Дар соли ҷорӣ USCIRF Тоҷикистонро дубора вориди феҳрасти кишварҳои "дорои мояи нигаронӣ" карда ва изҳор дошт, ки дар кишвар раванди масдудкунии масоҷид ва мамнӯъ сохтани адабиёти мазҳабӣ ва таълимот мушоҳида мешаванд.

Аммо ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон дар кишвар танҳо он сомонаҳои интернетӣ ва адабиёте мамнӯъ шудаанд, ки матолиби ифротгароӣ доранд. Ба гуфтаи вай дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор сомонаҳои дорои матолиби ифротгароёна мамнӯъ шудаанд.

Мавзуъ

Ҳамоиши байналмилалии ислом алайҳи ифротгароӣ ва терроризм дар Душанбе
Шӯрои уламо: аз Ислом сӯиистифода накунед
Барчаспҳо:
масдудшавии беш аз 1 ҳазор масоҷид дар ним сол, додситонии кулл, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ