12:14 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумат масоили марбут ба оқибатҳои офоти табииро ба баррасӣ гирифт

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Таъкид гардид, ки ҳар як шахси зарардида, аз кӯдак то калонсол, бо сару либоси тобистонаву зимистона ва ҳар як оила бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему кӯрпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан бояд таъмин карда шавад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Душанбе таҳти сарварии райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъи ҳукумат оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Президент аз офатҳои харобиовари чанд соли пеш, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо рух дода, боиси хисороти зиёди моддию ҷонӣ шуда буданд ва ҳам аз муташаккилона бартараф карда шудани оқибатҳои он ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки пайомадҳои офати табиии рӯзҳои  16 — 20-уми июли соли равон рухдода ҳам дар муддати кӯтоҳ бартараф мегарданд.

"Тибқи нақша то 6-уми ноябри ҳамин сол кулли осебдидагон бо манзили зист, ашёву асбоби рӯзгор ва маводи ғизоӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон бо ин, иншооти иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти зарардида аз нав барқарор карда мешаванд",- меафзояд манбаъ.

Зимнан, ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳар як шахси зарардида, аз кӯдак то калонсол, бо сару либоси тобистонаву зимистона ва ҳар як оила бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему кӯрпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан бояд таъмин карда шавад.

"Зарур дониста шуд, ки  ҳар як оилаи зарардида ба мӯҳлати то шаш моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шавад",- омадааст дар хабари манбаъ.

Моҳи июли соли равон бар асари гармшавӣ ва об шудани пиряхҳо сатҳи оби дарёҳо хеле баланд шуда, бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва Рашту Тоҷикобод  хисороти зиёди моддӣ ва ҷонӣ диданд. Хисороти оқибатҳои ин офати табиӣ беш аз 600 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки бо мақсади шиносоии бевосита бо ҳолати баамаломада рӯзҳои 28-31 июли соли равон сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон сурат гирифта, барои ба эътидол овардани шароити зиндагии мардум ва иншооти аз офати табиӣ зарардида чораҳои оҷил амалӣ карда шуд.

Барчаспҳо:
хисороти ворида 600 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид, ба мардум кумак карда шавад, офоти табиӣ, масъалаи бартарафсозии оқибатҳои табиӣ дар меҳвари нишаст, селу обхезӣ дар Бадахшон, ҷаласаи ҳукумат, ҳукумати Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикобод, Ванҷ, ВМКБ, Рашт, Бадахшон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ