18:50 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Раҳбари ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳокими Тоҷикистон, ки дар авохири баҳори соли ҷорӣ дар пайи як даргирӣ истеъфо дода буд, баъд аз як моҳ ба суфуфи “Русия воҳид”, низ “ҳизби ҳоким” бипайваст.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раҳбари ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳокими "Созандагони Ватан" Исфандиёр Абдураҳмонов, ки моҳи май аз симматаш истеъфо дода буд, ба узвияти ҳизби "Русияи воҳид" ("Единая Россия") пазируфта шуда вай акси санади ҳизбиашро дар Facebook мунташир кардааст.

Аз ин акс бармеояд, ки вай ҳанӯз 17 июн, баъд аз як моҳи канор рафтанаш аз Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, ба суфуфи ҳизби ҳокими Русия пазируфта шудааст.

Дар тавзеъот Абдураҳмонов зикр кардааст, ки табаъайи Русия мебошад.

Снимок партбилета Исфандиёра Абдурахмонова
Страница Абдурахмонова в Facebook
Снимок партбилета Исфандиёра Абдурахмонова

Абдураҳмонов ба гуфтаи худаш аз симмати "Созандагони Ватан" ба нишони эътироз истеъфо рафтааст.

"Ба далели маҳалгароӣ ва тақсими бештаре аз кормандони Кумитаи марказии ҲХДТ (ба худиву бегона) ман истеъфо рафтам, — изҳор дошт вай он замон. — Ҳарчанд маро бештаре аз афрод ҳушдор медоданд, ки ин корро накунам, зеро маро дар назди раиси ҷумҳур бадном месозанд. Бигзор ҳаққ ба ҳақдод бирасад. Агар ман барои ҳақиқатҷӯиям осеб бубинам, ин гузаранда аст, муҳим — Тоҷикистон шукуфон бошад".

Абдураҳмонов ба симмати раҳбари "Созандагони Ватан" дар авоили соли ҷорӣ интихоб шуда буд. То ин замон дар тӯли чаҳор сол аз замони таъсиси ҷиноҳи ҷавонон ин созмонро Адҳамҷон Мирсаидов раҳбарӣ мекард.

Шӯрои "Созандагони Ватан" аз ин амали Абдураҳмонов интиқод карда баёнияе содир кард. Сухангӯйи ҲХДТ Усмон Солеҳ изҳор дошт, ки Шӯро аз аввал мухолифи интихоби Абдураҳмонов ба симмати раҳбар буд, аммо "муъовини раҳбари ҲХДТ Асрор Латифзода мутмаъин сохт, ки Абдураҳмонов ташкилотчии хуб, раҳбари боистеъдод ва шахси таҳсилкарда мебошад".

Мавзуъ

Ибтикори “Созандагони Ватан” барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ
“Созандагони Ватан” раҳбари нав пайдо кард
Барчаспҳо:
пайвастани раҳбари собиқи "Созандагони Ватан" ба ҳизби "Русияи воҳид", "Созандагони Ватан", "Русияи воҳид", ҲХДТ, Исфандиёр Абдураҳмонов, Усмон Солеҳ, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ