13:01 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истамбул мавзӯъи таҷдиди ҳизбро матраҳ кард

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
7 0 0

Ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Стамбул баргузор шуд. Дар ин нишаст роҳҳои таҷдиди ҳизб бо дарназардошти вазъи феълӣ матраҳ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Масоили таҷдиди кадрӣ ва сохтории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар Истамбул аъзои Шӯрои сиёсӣ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ баррасӣ кардаанд, хабар дод ба Sputnik сухангӯйи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ин ҷаласа аз 5 то 10 август сурат гирифтааст.

"Қаблан раҳбари ҲНИТ дар номае унвонии Шӯрои сиёсӣ хоҳиш кард, ки дар ҷаласаи вижа масоили мубраме назири омодагӣ ба анҷумани навбатии ҳизбӣ, сиёсати мақомот дар қиболи ҳизб ва роҳҳои рафъи фишор ва маҳдудиятҳо, ислоҳоти кадрӣ ва сохтории ҳизбро баррасӣ карда сипас барои музокирот ба Стамбул ташриф оваранд", — гуфт сухангӯйи ҲНИТ.

Ба гуфтаи вай дар ин дидор мавзӯъи тағйири раҳбарият матраҳ набуд, аммо мавзӯъи интихоби раҳбари ҷадид дар анҷумани навбатӣ, ки дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, эҳтимол дорад матраҳ шавад.

Дар ҳамин ҳол раҳбари феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хостааст, ки фаъолияти ҳизб дар чаҳорчӯбаи қавонин идома дода шавад.

Ба Шӯрои сиёсӣ машварат дода шудааст, ки омодагӣ барои баргузории анҷуман ва баррасии масоили ислоҳот дар дохили ҳизбро идома диҳад.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Мавзуъ

Додситонии кулл: алайҳи Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст
Кабирӣ тасмим дорад, то иди Ваҳдат ба ватан баргардад
Посухи “не”-и раёсати ДДХ ба Муҳиддин Кабирӣ
Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад
Кабирӣ дар телевизион: “хиёнат накунед”
М. Кабирӣ: ҷомеъаи Тоҷикистон зидди тундгароӣ аст
Кабирӣ дар раҳпаймоии Чеченистон ширкат мекунад
Кабирӣ ва Смит дар бораи таҳдидҳо сӯҳбат карданд
Кабирӣ: мо набояд ба майдони бархӯрди ФР ва Чин табдил шавем
Барчаспҳо:
ҳайате аз ҳизби сиёсӣ ба Туркия рафт, ҷаласаи шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истамбул, ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Муҳиддин Кабирӣ, Истамбул, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ