09:16 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Насби таҷҳизоти нав дар матбааи рӯзномаи Московский комсомолетс

Дари чопхонаи “Муаттар”-и ҳизби наҳзатро мӯҳр гузоштанд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Кумиссиёне иборат иборат аз намояндагони чор вазорату идораҳои ҳукумати кишвар ба қароргоҳи ҲНИТ омада, баъд аз санҷишу ошкорнамоии баъзе аз камбудиҳо муваққатан фаъолияти матбааи "Муаттар”-ро боздоштанд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Фаъолияти нашриёти "Муаттар"-и ҲНИТ, ки дар он нашрияи марказии ин ташкилоти сиёсӣ- ҳафтаномаи "Наҷот" ба нашр мерасад, аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ муваққатан қатъ карда шуд, менависад сомонаи расмии ҳизб.

Нимаи дуюми рӯзи чаҳоршанбе як гуруҳ аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт", Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ дар асоси мактуби вазорати фарҳанг дар чопхона санҷиш гузаронда, ба дари чопхонаи ҳизб мӯҳр заданд.

"Масъулини ҳукуматӣ Баъзе камбудиҳоро ба мисли надоштани оби гарм, аз нишондод зиёд нашр кардани ҳафтаномаи "Наҷот" ва амсоли инро сабаби мӯҳр задан маънидод карданд ва ваъда карданд, ки баъд аз ду рӯз иҷозат ба фаъолияти онро хоҳад дод",- қайд мешавад дар иттилоъи мазкур.

Ҳамзамон, ОИ Tojnews ба истинод ба масъули чопхонаи "Муаттар"менависад, "барои бартараф кардани камбудиҳо интизори занги телефонии масъулини идораи санитарӣ-эпидемиологӣ ҳастем".

Дар пайи бастани дари нашриёт, щафтаномаи  "Наҷот" бо теъдоди хеле кам нашр шудааст.

Барчаспҳо:
чопхона баста шуд, аз фаъолият бозмондани нашриёт, мушкилоти мавҷуда дар қароргоҳи ҳизб, мӯҳр ба дари нашриёт, матбааи "Муаттар", ҲНИТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ